Дар Душанбе ваксинзании омӯзгорон оғоз мешавад

Дар 16 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Душанбе имрӯз, 7 апрел маъракаи ваксинзании омӯзгорон ва ҳайати кормандони техникӣ оғоз мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт. Бино ба гуфтаи ӯ, маъракаи ваксиназанӣ тадриҷан дар ҳамаи 151 мактаб ва 138 кӯдакистони шаҳр гузаронида мешавад. “Дар Душанбе ваксинагирии ҳудуди 10 ҳазор нафар омӯзгор ва 30 […]

Дар 16 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Душанбе имрӯз, 7 апрел маъракаи ваксинзании омӯзгорон ва ҳайати кормандони техникӣ оғоз мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт.

Бино ба гуфтаи ӯ, маъракаи ваксиназанӣ тадриҷан дар ҳамаи 151 мактаб ва 138 кӯдакистони шаҳр гузаронида мешавад.

“Дар Душанбе ваксинагирии ҳудуди 10 ҳазор нафар омӯзгор ва 30 ҳазор корманди кӯдакистонҳо аз коронавирус дар назар аст”, – иттилоъ дод манбаъ.

Қобили зикр аст, ки маъракаи воксинзанӣ дар Тоҷикистон 23 март шурӯъ шуд. Ба шаҳрвандон дар муддати 2 моҳ 2 воя (доза)-и ваксинаи Astra-Zeneca гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи Барномаи COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи воксинаи Astra-Zeneca гирифт. Дар доираи ин барнома бояд 10%-и аҳолии Тоҷикистон – 1,8 млн нафар ваксина гиранд.

Ба гурӯҳи шахсони осебпазир кормандони соҳаи тандурустиву маориф ва як қатор дигар бахшҳои иҷтимоӣ шомиланд. Гуфта мешавад, ваксинагирӣ бепул ва ихтиёрӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз муаллимони мактабҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, ба онҳо гуфтаанд ҳатман бояд аз коронавирус ваксина гиранд.

“Дар маҷлис гуфтанд, ки моро ваксина мезананд ва мо мехоҳем ё не, ҳама бояд ваксина гирад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумӣ аз ноҳияи Сино, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Лекин сардори Раёсати Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки “ваксингирӣ аз коронавирус ихтиёрӣ буда, ба муаллимон танҳо бо хоҳиши худашон ваксина гузаронида мешавад”.

“Ваксинзанӣ маҷбурӣ нест, лекин аз ҳама аввал саломатӣ аст. Муаллимон бо кӯдакону наврасон ва дар умум бо аҳолӣ сарукор доранд. Лекин тавре ки пештар гуфтам, ин ихтиёрист”, – илова кард вай.

Қаблан зимни нишасти матбуотӣ акнун собиқ муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода низ изҳор дошта буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бепул ва ихтиёрӣ аз кадом ваксина эм гирифтанро худашон интихоб мекунанд.

Мебояд гуфт, то имрӯз дар Тоҷикистон танҳо як ваксинаи Oxford-AstraZeneca-и истеҳсоли Ҳиндустон ба қайд гирифта шуда, дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳти унвони CoviShild сабт шудааст.

То имрӯз дар Душанбе ба беш аз нисф (51,5%)-и кормандони соҳаи тандурустӣ – 26,3 ҳазор нафар ин ваксин гузаронида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.