Имрӯз дар Hyatt Regency Dushanbe маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни "Соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020" доир шуд.
Ҷоизаҳоро аз номи шаҳрдори Душанбе ба ғолибон муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода супурд. Соҳиби Ҷоми Фахрии ғолиби шоҳҷоизаи озмун – комбинати шири "Шири Душанбе" шуд.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бахши "Фанновариҳои иттилоотӣ" ҷойи аввалро бори дигар ширкати телевизиониву радиои «Азия-Плюс» соҳиб шуд. Радиои «Азия-Плюс» чандин сол аст, ки дар ин бахши озмун баранда мешавад.
Ҳамчунин ба ғолибони бахшҳои дигар дипломҳо супурда шуд: «Авесто Гуруҳ» (Сиёма), ООО «Авитсенна», «Талко Кабел», «Селтехпроект», «Асрори санг», «Реал трейдинг», «Ред лайн», РСМ Тоҷикистон, КТМ (Кашфиёт, Таҳлил. Машварат), ҶДММ «Заводи асфалту бетон», марказҳои тиббии «Шифо» ва «Тиб барои шумо», ФАВЗ, X-FIT, «Мерве», ҶДММ «ТТ Мобайл».
Ин озмун ҳамасола бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе бо мақсади боло бурдани мақом ва обрӯйи соҳибкорон дар ҷомеа, тарғиби дастовардҳои онҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ва таҳрики минбадаи рушди соҳибкорӣ дар Душанбе гузаронида мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





