Сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Маскав гузориш медиҳад

Сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода нимаи ҳафтаи оянда ба Маскав меравад. Ӯ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 14 апрел таҳти раёсати сардори Ситоди кулли ҚМ Русия, муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар генерали артиш Валерий Герасимов доир мегардад, иштирок мекунад, […]

Сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода нимаи ҳафтаи оянда ба Маскав меравад.

Ӯ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳарбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 14 апрел таҳти раёсати сардори Ситоди кулли ҚМ Русия, муовини аввали вазири мудофиаи ин кишвар генерали артиш Валерий Герасимов доир мегардад, иштирок мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар кори ҷаласа инчунин иштирок сардорони Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Арманистону Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки Эмомалӣ Собирзода ба аъзои Кумитаи ҳарбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти низомии СААД маълумот диҳад, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмон дар соли 2021 пешниҳод мешаванд.

Дар ҷаласа баррасии таҳдиду чолишҳо ба амнияти ҳарбӣ дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, чорабиниҳои омодагии муштараки мақомоти идоракунӣ ва ташкили неруву воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД, фаъолияти маркази вокуниш ба буҳрони Созмон ва таъсиси воҳиди муштараки ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, инчунин таъминот бо хизматрасонии тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.