Рустами Эмомалӣ радиои “Азия-Плюс”-ро дар бахши “фанновариҳои иттилоотӣ” беҳтарин донист

Имрӯз дар Hyatt Regency Dushanbe маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни "Соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020" доир шуд. Ҷоизаҳоро аз номи шаҳрдори Душанбе ба ғолибон муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода супурд. Соҳиби Ҷоми Фахрии ғолиби шоҳҷоизаи озмун  – комбинати шири "Шири Душанбе" шуд.  Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бахши "Фанновариҳои иттилоотӣ" ҷойи […]

Имрӯз дар Hyatt Regency Dushanbe маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни "Соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2020" доир шуд.

Ҷоизаҳоро аз номи шаҳрдори Душанбе ба ғолибон муовини раиси шаҳр Умед Гуреззода супурд. Соҳиби Ҷоми Фахрии ғолиби шоҳҷоизаи озмун  – комбинати шири "Шири Душанбе" шуд. 

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бахши "Фанновариҳои иттилоотӣ" ҷойи аввалро бори дигар ширкати телевизиониву радиои «Азия-Плюс» соҳиб шуд. Радиои «Азия-Плюс» чандин сол аст, ки дар ин бахши озмун баранда мешавад. 

Ҳамчунин ба  ғолибони бахшҳои дигар дипломҳо супурда шуд:  «Авесто Гуруҳ» (Сиёма), ООО «Авитсенна», «Талко Кабел», «Селтехпроект», «Асрори санг», «Реал трейдинг», «Ред лайн», РСМ Тоҷикистон, КТМ (Кашфиёт, Таҳлил. Машварат), ҶДММ «Заводи асфалту бетон», марказҳои тиббии «Шифо» ва «Тиб барои шумо», ФАВЗ, X-FIT, «Мерве», ҶДММ «ТТ Мобайл».

Ин озмун ҳамасола бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе бо мақсади боло бурдани мақом ва обрӯйи соҳибкорон дар ҷомеа, тарғиби дастовардҳои онҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ва таҳрики минбадаи рушди соҳибкорӣ дар Душанбе гузаронида мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.