Ҳукумати Маскав ба тадриҷан бекор шудани маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон умедвор аст

Asia-Plus

Ҳукумати шаҳри Маскав  тадриҷан бекор шудани маҳдудуиятҳо дар мавриди вуруди муҳоҷирон ба шаҳрро интизор буда, ҳамааш ба вазъи эпидемиологӣ вобаста хоҳад буд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои муовини раиси шаҳри Маскав Владимир Ефимов менависад, онҳо бешубҳа бекор кардани маҳдудиятҳоро оид ба фуруди муҳоҷирони корӣ зарур медонанд.

“Аммо ин ҷо дар навбати аввал бехатарии эпидемиологӣ дар қаламрави Маскав ба инобат гирифта шуда, аз ин рӯ, мақоми ваколатдор -Роспотребнадзор мувофиқи имкон ин маҳдудиятҳоро бекор мекунад”, – иброз доштааст Ефимов.

Ӯ изҳор доштааст, ки доир ба таъмини лоиҳаҳои ба қувваи корӣ шадидан ниёздошта тартиби қабули қарор вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи номбура, барои ҳамкорӣ бо бинокорон маркази муҳоҷират чанде пеш дар Ӯзбекистон намояндагӣ боз намуда, ҳозир онро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад, то ки бо дархости корфармоҳои Маскав қувваи корӣ интихоб намуда, вуруди онро ба қаламрави Маскав амалӣ созад.

Ба қавли муовини раиси шаҳр, ин натанҳо кор дар доираи маҳдудиятҳои мавҷуда аст, балки барои оянда низ имконоти бузург дорад, зеро ба пешакӣ интихоб намудани мутахассисон имкон фароҳам меорад.

“Барои мо ин муҳим аст, чунки мо пешакӣ хоҳем донист, ки чӣ гуна касон назди мо меоянд. Ҳоло наметавонем бигӯем, ки сарҳадҳо кай пурра боз мешаванд”, – илова кардааст Ефимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.