Мавсими имсолаи Лигаи якуми футбол 24 апрел оғоз мешавад

Asia-Plus

Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 13 апрел маросими қуръапартоии тақвими бозиҳои мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якум дар ду давр баргузор шуда, дар он 12 даста – «Регар-ТадАЗ» (ш.Турсунзода), «Панҷшер» (ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Исфара» (Исфара), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Равшан» (Зафаробод), «Ҳосилот» (Фархор), «Динамо» (Душанбе) ва «Пахтакор» (ноҳ.Ҷаббор Расулов) иштирок мекунанд.

Мутобиқи рақамҳои тартибӣ, ки зимни маросими қуръакашӣ дастаҳо гирифтанд, тақвими бозиҳои мусобиқа муқаррар шуд.

Дар даври аввали мусобиқаи Лигаи якуми футбол рӯзҳои 24-25 апрел бозиҳои зерин баргузор мешаванд:

«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафаробод)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Пахтакор» (ноҳ. Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер (ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон).

Мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 рӯзи 24 апрел оғоз мегардад. Мувофиқи регламенти мусобиқа, аз рӯйи натиҷаҳои мавсим ду дастаи беҳтарин ба Лигаи олӣ дар мавсими соли оянда роҳхат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...