КҲФ аз болоравии сатҳи оби дарёҳо огоҳ мекунад

Дар натиҷаи боришоти пуршиддати чанде қабл дар баъзе ноҳияҳои кишвар, хавфи болоравии сатҳи об дар дарёҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷа дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон, дар роҳҳои манотиқи кӯҳистони ҷумурӣ фаромадани селу сангреза пешгӯйӣ мешавад. “Дар болооби рӯдхонаҳои кӯҳӣ […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи боришоти пуршиддати чанде қабл дар баъзе ноҳияҳои кишвар, хавфи болоравии сатҳи об дар дарёҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷа дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон, дар роҳҳои манотиқи кӯҳистони ҷумурӣ фаромадани селу сангреза пешгӯйӣ мешавад.

“Дар болооби рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва дар маҷроҳои хурди об сатҳи об босуръат баланд шуда метавонад. Аз оби борону маҷрои дарё зери об мондани пастхамиҳо, заминҳои кишт, шусташавии қитъаҳои роҳ аз эҳтимол дур нест. Гузаштан аз пулҳои баландиашон паст низ хатарнок буда метавонад”, – омадааст дар хабар.

Кумита ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, чаронидани чорво, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Инчунин Кумита аз шаҳрвандон боисророна дархост мекунад, ки ҳамеша ба ахбори КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёт дар мавриди вазъи роҳҳо ва имрӯзу фардои ҳаво диққат диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.