Ташрифи як ҳайати гурӯҳи кории Афғонистон ба Душанбе

Asia-Plus

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни мулоқот бо  Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар робита ба барқарорсозии сулҳу амният дар ин кишвар, Вазорат ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар доираи Созишномаҳои байниҳукуматӣ омода аст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Муҳаммад Зоҳир Ағбар иброз доштааст, ки пас аз баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Душанбе тақрибан ҳар ҳафта аз Афғонистон садҳо нафар бо мақсади таҳсилу омӯзиш ва таҷрибаандӯзӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

“Роҳбари давлати Афғонистон бо дидани фазои орому амн ва зебоиҳои шаҳри Душанбе ба намояндагони ҳукумати кишвараш дастур додааст, ки пас аз анҷоми кори конфронс дар ҳайати як гурӯҳи кории омӯзишӣ дубора ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ҳозир шаванд ва омилҳои амният, сулҳ, осоиштагии ҳаёти мардум ва зебоиҳои пойтахти Тоҷикистонро омӯзанд ва натиҷаи омӯзишу бардоштҳояшонро дар шаҳри дар амал татбиқ намоянд”, – гуфтааст сафир.

Сафир инчунин зикр кардааст, ки роҳбарияти олии ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва баҳри барқарории сулҳу осоиштагӣ дар ин кишвар изҳори омодагию ҳамкорӣ кард, ки  дар қалби ҳар шаҳрванди худогоҳи Афғонистон ҳисси хушнудию умедворӣ ба ояндаи дурахшон дигарбора бедор шуд.

“Ин Конфронс барои мардуми кишвари мо дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла, дар самти омӯзиши илму дониш дар кишвари Тоҷикистон роҳҳои нав боз намуд ва имконоти ҷадид фароҳам овард, – илова кардааст ӯ. – Мо боварӣ дорем, бо истифодаи дурусту мукаммали имкониятҳои бавуҷудомада дар ҳар самту соҳае ба натиҷаҳои назарраси барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ноил мешавем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...