“Диссернет” боз як олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кард. Муаллиф мегӯяд “асардуздӣ накардаам”

Мавзуна Абдуллева, Asia-Plus

Пойгоҳи "Диссернет" боз як олими дигари тоҷикро ба асардуздӣ  ҳангоми навиштани рисолаи илмияш муттаҳам кард. Ин бор ин пойгоҳ Суяров Тухтамурод Холмуродович дотсенти кафеди физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтарро ба сирқати илмӣ гунаҳкор кард.

Ба навиштаи пойгоҳ Суяров Тӯхтамурод дар рисолаи илмияш "Шаклгирии тавонои донишомӯзон бо истифода аз ҳали масаъалҳои физикӣ" ("Формирование у учащихся умения применять средства по решению физических задач"), ки соли 2012 дар Шӯрои илмии Донишгоҳи Бохтар ҳимоя кардааст, аз рисолаи илмии олими рус Андрей Никоноров фаровон рӯйбардор кардааст.

Рисолаи Никронов соли 2003 бо номи "Формирование у учащихся обобщенного умения применять средства решения в процессе решения физических задач" дифоъ шудааст.

Пойгоҳ аз 148 саҳифаи рисолаи Суяров дар  121 саҳифааш мавридҳои асардуздӣ ё плагиатро кашф кардааст. Ба навиштаи пойгоҳ Суяров аз саҳифаи 16 то 136-и рисолаи илмии худро аз кори илмии Никронов ба истиснои баъзе ҷузъиёти техникӣ, комилан гирифтааст.

Вале худи Тӯхтамурод Суяров мегӯяд, ки ӯ ба  асардуздӣ роҳ надодааст ва кори илмии худро дар давоми 4 сол таҳти роҳбарии профессор Тағойбобо Шукуров холисона навиштааст. 

Сӯяров ба "Азия-Плюс" гуфт, "ман ягон плагият накардам ва дар вақти ман ин гуна плагиат набуд. Мудати 4 сол рисолаи илмиро навиштам. Коро соли 2008 шуруъ кардаму соли 2012 ҳимоя кардам. Худам бо роҳбарии устод Шукуров корро навишта ҷамъбаст кардам. Намедонам онҳо барои чӣ  манро ин гуна гуфтанд, ростӣ ҳайронам".

Ин устоди Донишгоҳи Бохтар мегӯяд, ки ӯ омода аст санад пешниҳод кунад, ки асардуздӣ накардааст. Ҳоло Сӯяров мегӯяд, ки рисолаи докторӣ менависад ва барои дифоъ наздик шудааст. 

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 50 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...