“Диссернет” боз як олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кард. Муаллиф мегӯяд “асардуздӣ накардаам”

Пойгоҳи "Диссернет" боз як олими дигари тоҷикро ба асардуздӣ  ҳангоми навиштани рисолаи илмияш муттаҳам кард. Ин бор ин пойгоҳ Суяров Тухтамурод Холмуродович дотсенти кафеди физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтарро ба сирқати илмӣ гунаҳкор кард. Ба навиштаи пойгоҳ Суяров Тӯхтамурод дар рисолаи илмияш "Шаклгирии тавонои донишомӯзон бо истифода аз ҳали масаъалҳои физикӣ" ("Формирование у учащихся умения применять […]

Мавзуна Абдуллева, Asia-Plus

Пойгоҳи "Диссернет" боз як олими дигари тоҷикро ба асардуздӣ  ҳангоми навиштани рисолаи илмияш муттаҳам кард. Ин бор ин пойгоҳ Суяров Тухтамурод Холмуродович дотсенти кафеди физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтарро ба сирқати илмӣ гунаҳкор кард.

Ба навиштаи пойгоҳ Суяров Тӯхтамурод дар рисолаи илмияш "Шаклгирии тавонои донишомӯзон бо истифода аз ҳали масаъалҳои физикӣ" ("Формирование у учащихся умения применять средства по решению физических задач"), ки соли 2012 дар Шӯрои илмии Донишгоҳи Бохтар ҳимоя кардааст, аз рисолаи илмии олими рус Андрей Никоноров фаровон рӯйбардор кардааст.

Рисолаи Никронов соли 2003 бо номи "Формирование у учащихся обобщенного умения применять средства решения в процессе решения физических задач" дифоъ шудааст.

Пойгоҳ аз 148 саҳифаи рисолаи Суяров дар  121 саҳифааш мавридҳои асардуздӣ ё плагиатро кашф кардааст. Ба навиштаи пойгоҳ Суяров аз саҳифаи 16 то 136-и рисолаи илмии худро аз кори илмии Никронов ба истиснои баъзе ҷузъиёти техникӣ, комилан гирифтааст.

Вале худи Тӯхтамурод Суяров мегӯяд, ки ӯ ба  асардуздӣ роҳ надодааст ва кори илмии худро дар давоми 4 сол таҳти роҳбарии профессор Тағойбобо Шукуров холисона навиштааст. 

Сӯяров ба "Азия-Плюс" гуфт, "ман ягон плагият накардам ва дар вақти ман ин гуна плагиат набуд. Мудати 4 сол рисолаи илмиро навиштам. Коро соли 2008 шуруъ кардаму соли 2012 ҳимоя кардам. Худам бо роҳбарии устод Шукуров корро навишта ҷамъбаст кардам. Намедонам онҳо барои чӣ  манро ин гуна гуфтанд, ростӣ ҳайронам".

Ин устоди Донишгоҳи Бохтар мегӯяд, ки ӯ омода аст санад пешниҳод кунад, ки асардуздӣ накардааст. Ҳоло Сӯяров мегӯяд, ки рисолаи докторӣ менависад ва барои дифоъ наздик шудааст. 

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 50 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.