“Тоҷикона мепӯшем!”. Иқдоми таблиғи либоси миллӣ дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар аксияи “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар духтарон бо сарулибоси миллӣ иштирок карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр. Иқдоми мазкур 21 апрел бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамдастӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии […]

Дар шаҳри Бохтар аксияи “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар духтарон бо сарулибоси миллӣ иштирок карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр.

Иқдоми мазкур 21 апрел бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамдастӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор шуд.

“Ҳадаф аз баргузории аксия арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии занону бонувон ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ миёни ҷавонону наврасон маънидод карда шуд”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти раиси шаҳри Бохтар.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни аксия дар кӯчаи марказии шаҳр – аз бинои маъмурии ҳукумати шаҳр то гулгашти ба номи 70-солагии водии Вахш ба масофаи 500-600 метр роҳпаймоӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар гузаронидани аксияи “Тоҷикона мепӯшем!” духтарони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии  шаҳри Бохтар ва коллеҷҳои тиббӣ иштирок карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар дастгоҳи раиси шаҳр изҳор намуданд, ки сарулибос аз ҳисоби худи духтарон дӯхта шудааст. Вобаста ба андоза ин гуна сарулибос аз 250 то 320 сомонӣ нарх дорад.

Суратҳо аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.