Шӯрои уламо: ифторро дар доираи оила гузаронед

Тавсия мешавад, ки ифторҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар доираи оила гузаронида шаванд, изҳор дошт раиси раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода. “Ҳеҷ касе қабули меҳмононро манъ накардаву ҳамаи гуна чорабиниро метавон бо шумори муқарраркарда аз ҷониби ситод баргузор намуд. Ифторро дар доираи оила гузаронидан лозим аст”, – гуфт […]

Тавсия мешавад, ки ифторҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар доираи оила гузаронида шаванд, изҳор дошт раиси раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода.

“Ҳеҷ касе қабули меҳмононро манъ накардаву ҳамаи гуна чорабиниро метавон бо шумори муқарраркарда аз ҷониби ситод баргузор намуд. Ифторро дар доираи оила гузаронидан лозим аст”, – гуфт раиси Кумита пас аз ҷаласаи парлумон, ки дар он ба қонуни танзими анъанаҳо тағйирот ворид шуд.

Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд шахсони воқеӣ, ки меъёрҳои қонуни зикршударо риоя намекунанд дар ҳаҷми аз 100 то 130 нишондиҳанда барои ҳисоб, шахсони мансабдор – аз 250 то 280 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 500 то 530 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима мешаванд.

Тағйирот ба қонун аз як тараф зидди исрофкорӣ равона шуда, аз ҷониби дигар ҷамъшавии издиҳоми мардумро дар як ҷой дар замони пандемияи коронавирус пешгирӣ мекунад.

Савол дар бораи ифтор барои он дода шуд, ки ахиран ба ин маъракаи шомгоҳӣ, ки бештар дар хонаҳои азодорон гузаронида мешавад, одамони хеле зиёд даъват карда мешаванд.

Тибқи сарчашмаҳои исломӣ, ифтор амали фарз (ҳатмӣ) ё воҷиб (зарурӣ) нест. Аз ин рӯ, Шӯрои уламо тавсия медиҳад, ки ифтор бо волидон, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандони наздик гузаронида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.