Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ гуфтугӯ кард

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масоили рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Имрӯз, 23 апрел байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кремл.

“Масоили густариши ҳамоҳангӣ дар доираи иттиҳодҳои ҳамгироӣ дар паҳнои авруосиёӣ, аз ҷумла бо назардошти раёсати Тоҷикистон соли 2021 дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд”, – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо атрофи масоили вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар пасманзари рушди вазъият дар Афғонистон табодули назар карданд.

Сарони кишварҳо рӯҳияи мутақобилаи тарафайнро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчиии Тоҷикистону Русия тасдиқ намуданд.

Доир ба ба баррасии баъзе паҳлӯҳои ҳамкории мутақобила байни идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар созиш ҳосил шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳоло дар бораи ин суҳбати телефонӣ чизе хабар надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...