Мутахассис: Зукоме, ки дар Тоҷикистон чарх мезанад, нигаронкунанда нест

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Бемории зукоме, ки дар Тоҷикистон айни ҳол чарх мезанад, зукоми мавсимӣ буда, ҷойи нигаронӣ надорад ва ҳоло Тоҷикистон дар мавсими дуввуми бемории зукоми мавсимӣ қарор дорад, ки бо сабаби тағйир ёфтани обу ҳаво метавонад ба таври шадид гузарад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» мудири Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон Муродалӣ Рӯзиев  иттилоъ дод.

 Ин мутахассис сару садоҳои бархоста миёни мардумро рад карда мегӯяд, ки ин як зуком мавсимист, ки набояд хавотир шуд.

«Бемории зуком ҳамасола  дар ҳафтаи 40-уми сол, яъне моҳи октябр оғоз гардида, то ҳафтаи 20-уми соли дигар — охири моҳи апрел идома меёбад. Ҳоло дар кишвари мо бештар зукоми намудҳои А (H1N1 ва H3N2) ва В ба қайд гирифта шуда, ин ду намуди вируси зуком  фаъол шудаанд», – гуфт Рӯзиев.

Директори Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки ҳоло байни мардум сару садоҳои зиёде дар мавриди зуком паҳн гардидааст, ки гӯё нисбат ба солҳои қаблӣ беморӣ шадидтар ва бо нишонаҳои дигар сар задааст. Вале номбурда мегӯяд, ин зуком мисли пешинаҳо буда, ҳамасола дар Тоҷикистон сабти ном мешавад.

Ӯ инчунин гуфт, ки баъди бемории коронавирус мардум ба ҳар гуна овозаҳо бовар карда, ба онҳо гӯш медиҳанд, ки беморӣ нисбат ба солҳои гузашта бештар буда, нигаронкунанда аст.  «Вале боз такрор мекунам, ки ин бемории зукоми мавсимӣ аст ва ҳамасола дар мо ба қайд гирифта мешавад. Бемории зукоме, ки ҳоло ҳаст, нисбат ба солҳои гузашта зиёд нашудааст,  муқаррарист».

Ҳамзамон Рӯзиев, тавсия медиҳад, ки барои сироят накардани наздикони худ, бемор метавонад аз ниқоб истифода барад, чун зуком аз шахси бемор тавассути сулфаю атса зуд ба атрофиён паҳн мешавад. Ва ҳатман бемор ба духтури оилавии худ муроҷиат намуда, ба худтабобаткунӣ машғул нашвад.

Ӯ иловатан гуфт, ки бо мақсади пешгирии бемории зуком миёни кормандони соҳаи тандурустӣ соли 2020 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағҳои ҷудонамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ 5  ҳазор вояи воксини севалентаи зидди зуком харидорӣ шуд.

Ин ваксина ба муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳуриявӣ ва минтақаҳо дастрас гардид. Ғайр аз ин, бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ барои бо воксинзанӣ  фаро гирифтани кормандони соҳа боз 20 ҳазор вояи ваксинаи зидди зуком ба ҷумҳурӣ ворид ва ба муассисаҳои соҳа  тақсим карда шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...