Шаҳрдори Душанбе маблағгузории имсоли “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро 881 ҳазор сомонӣ зиёд кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни навбатии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе дар соли равон ва барои он ҷудо кардани 1 млн 445 ҳазор сомонӣ қарор ба имзо расонид. Соли гузашта барои баргузории озмуни зикршуда дар пойтахт 564 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории озмуни навбатии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе дар соли равон ва барои он ҷудо кардани 1 млн 445 ҳазор сомонӣ қарор ба имзо расонид.

Соли гузашта барои баргузории озмуни зикршуда дар пойтахт 564 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ба раисони ноҳияҳои пойтахт, муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ва кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр дастур дода шуд, ки баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҷӯӣ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон се сол инҷониб гузаронида мешавад.

Соли ҷорӣ ба баргузории ин озмун аз Фонди захиравии президенти ҷумҳурӣ 2 млн 835 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Соли аввали озмун ин маблағ ҳамагӣ 310 ҳазор сомонӣ ва соли 2020 – 1 млн 646 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Дар озмун хонандагони мактабу литсей, гимназия ва дигар намояндагони насли наврас иштирок карда метавонанд. Озмун дар якчанд марҳила дар сатҳи ҷамоат, шаҳру навоҳӣ ва вилояту ҷумҳурӣ доир мегардад.

Иштирокчиёни озмун бояд аз осори назму насри классикӣ ва муосири тоҷик, адабиёти бачагона, асарҳои намояндагони адабиёти ҷаҳонӣ огаҳӣ ва дониши хуб дошта бошанд.

Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.