Дар Қазоқистон алифбои лотинии забони қазоқӣ ба баррасии ҳамагонӣ пешниҳод шуд

Дар Қазоқистон алифбои нави лотинӣ барои забони қазоқӣ ба баррасии ҳамагонӣ пешниҳод шуд. Ин кишвар пештар эълон карда буд, ки аз соли 2024 комилан ба алифбои лотинӣ мегузарад ва аз алифбои кирилӣ то соли 2031 даст мекашад. Фармони нави президенти ин кишвар, дирӯз дар бораи баъзе аз масъалаҳои гузариш аз алифбои қазоқии кирилӣ ба алифбои […]

Дар Қазоқистон алифбои нави лотинӣ барои забони қазоқӣ ба баррасии ҳамагонӣ пешниҳод шуд. Ин кишвар пештар эълон карда буд, ки аз соли 2024 комилан ба алифбои лотинӣ мегузарад ва аз алифбои кирилӣ то соли 2031 даст мекашад.

Фармони нави президенти ин кишвар, дирӯз дар бораи баъзе аз масъалаҳои гузариш аз алифбои қазоқии кирилӣ ба алифбои нави лотиниро нашр кард. Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон гузинаи нави алифбои қазоқии бо ҳуруфи лотиниро муаррифӣ карданд. Багуфтаи мақомот, алифбои нав аз миёни 40 гузина интихоб шудааст.

Гуфта мешавад алифбои такмилшуда дорои 31 аломат аст, ки ҳамаи 28 овоз дар забони қазоқиро фаро мегирад. Ин алифбо тибқи меъёри "як овоз – як ҳарф" таҳия шудааст.

Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон дар соли 2017 дастур дода буд, ки алифбои қазоқӣ ба лотинӣ тағйир дода шавад. Ин аллакай гузинаи чаҳоруми алифбо аст, ки ҳукумати Қазоқистон пешниҳод мекунад. Бо дастури Назарбоев пештар ду гузинаи алифбо пешниҳод шуд, вале ҳар дуи онҳо мавриди интиқоди умум қарор гирифта буд

Қазоқистон баъди Ӯзбекистон дувумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба алифбои лотинӣ мегузарад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.