Шӯрои уламо: ифторро дар доираи оила гузаронед

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тавсия мешавад, ки ифторҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар доираи оила гузаронида шаванд, изҳор дошт раиси раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода.

“Ҳеҷ касе қабули меҳмононро манъ накардаву ҳамаи гуна чорабиниро метавон бо шумори муқарраркарда аз ҷониби ситод баргузор намуд. Ифторро дар доираи оила гузаронидан лозим аст”, – гуфт раиси Кумита пас аз ҷаласаи парлумон, ки дар он ба қонуни танзими анъанаҳо тағйирот ворид шуд.

Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд шахсони воқеӣ, ки меъёрҳои қонуни зикршударо риоя намекунанд дар ҳаҷми аз 100 то 130 нишондиҳанда барои ҳисоб, шахсони мансабдор – аз 250 то 280 ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 500 то 530 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима мешаванд.

Тағйирот ба қонун аз як тараф зидди исрофкорӣ равона шуда, аз ҷониби дигар ҷамъшавии издиҳоми мардумро дар як ҷой дар замони пандемияи коронавирус пешгирӣ мекунад.

Савол дар бораи ифтор барои он дода шуд, ки ахиран ба ин маъракаи шомгоҳӣ, ки бештар дар хонаҳои азодорон гузаронида мешавад, одамони хеле зиёд даъват карда мешаванд.

Тибқи сарчашмаҳои исломӣ, ифтор амали фарз (ҳатмӣ) ё воҷиб (зарурӣ) нест. Аз ин рӯ, Шӯрои уламо тавсия медиҳад, ки ифтор бо волидон, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандони наздик гузаронида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...