Пойгоҳи таҳқиқотии "Диссернет" боз ду олими риштаи тибби Тоҷикистонро ба асардуздӣ ҳангоми навиштаи рисолаҳои илмияшон айбдор кард. Дар як ҳафтаи ахир ин севумин олими тоҷик аст, ки ин пойгоҳ онҳоро ба плагиат муттаҳам мекунад.
Ба навиштаи "Диссернет" Нураддинов Аскар Давронович (Нуриддинзода Аскар Даврон) ва Азимов Савзаалӣ Ҳайдарович, мутаносибан солҳои 2012 ва 2014 зери роҳбарии доктори илмҳои тиб Насимов Олим Хоҷаевич (Наимзода Олим Хоҷа) вазири пешини тандурустии Тоҷикистон рисолаҳои худро дар Шӯрои дифои рисолаҳои илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳимоя кардаанд.
Савзаалӣ Азимов ва Нураддин Аскаров дар рисолаҳои илмии худ "Оценка эффективности препарата коронель в комплексном лечении больных стабильной стенокардией с безболевой формой ишемии миокарда" ва "Оценка эффективности применения метаболических препаратов на регуляцию и вариабельность сердечного ритма у больных острым инфарктом миокарда" аз рисолаҳои роҳбари илмияшон Олим Насимзода ва олими дигари тоҷик Эгамқул Юлдошем фаровон истифода кардаанд.
Аз ҷумла "Диссернет" дар ҷадвали иқтибосҳо нишон додааст, ки Нураддинов Аскар, 58 саҳифаи кори илмии худро ҷойе қисман ва ҷойе комилан аз рисолаи доктории роҳбари илмияш ("Предикторы нарушения устойчивости экстракардиальной регуляции сердечного ритма и внезапной смерти у больных инфарктом миокарда"), ки соли 2009 дифоъ шудааст ва 9 саҳифаи дигарро аз кори илмии Эгамқул Юлдошев ("Связь центральной регуляции и вариабельности кардиоинтервала в прогнозировании риска развития жизнеугрожащих аритмий и внезапной смерти у больных в постинфарктном периоде", 2012) рӯйбардор кардааст.
Нуриддинзода Аскар то чанде пеш мудири Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар буд, ки ҳоло муовини мудир дар бахши илм ва навоварӣ мебошад.
Савзаалӣ Аскаров бошад 61-саҳифаи кори худро аз рисолаи мазкури Эгамқул Юлдошев ва 9 саҳифаашро аз рисолаи доктории роҳбари илмияш рӯйбардор кардааст.
Савзали Аскаров бино ба навиштааш дар саҳфаи фейсбукияш муовини мудири Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.
Вале худи Эгамқул Юлдошевро ҳам пойгоҳи "Диссернет" ба асардуздӣ ва рӯйбардор кардани рисолаи илмияш аз кори роҳбари илмияш, ки Олим Насимзода мебошад гунаҳкор карда буд. Ба навиштаи пойгоҳ Юлдошев 85 саҳифаи рисолаи илмияшро аз рисолаи доктории Олим Насимзода рӯйбардор кардааст.
"Диссернет" дар мавриди Нураддинов Аскар ва Азимов Савзаалӣ навиштааст, ки 2 марти соли 2021 Шӯрои диссертатсионии Д 208.041.01 назди Донишгоҳи давлатии тиббиву стомотологиии Маскав ба номи Евдокимоваи Вазорати тандурустии Русия Тавсия додааст дараҷаи илми ин ду олими тоҷик бекор карда шавад.
Аммо то кунун назари Азимов ва Нураддинов дар бораи ин навиштаҳои пойгоҳи "Диссернет" ва тавсияи бекор кардани дараҷаи илмии номзади илмияшон маълум нест. Талошҳои мо барои пайдо ин ду олими тоҷик натиҷа надод.
Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 50 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


