Дар семоҳаи аввал “Барқи тоҷик” пули ҳамагӣ 32,4%-и барқи “Сангтӯда-1”-ро пардохт

Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” давоми моҳҳои январ-марти соли равон ба ШСХК “Барқи тоҷик” зиёда аз 556 млн кВт/соат неруи барқ фурӯхт, гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1”. Мувофиқи нишондоди нақшавӣ, ШСХК “Барқи тоҷик”, ки ягона харидори барқи ин неругоҳ боқӣ мемонад, дар ин давра бояд 605 млн кВт/соат неруи барқ мегирифт. Семоҳаи аввали […]

Asia-Plus

Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” давоми моҳҳои январ-марти соли равон ба ШСХК “Барқи тоҷик” зиёда аз 556 млн кВт/соат неруи барқ фурӯхт, гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

Мувофиқи нишондоди нақшавӣ, ШСХК “Барқи тоҷик”, ки ягона харидори барқи ин неругоҳ боқӣ мемонад, дар ин давра бояд 605 млн кВт/соат неруи барқ мегирифт.

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ НБО “Сангтӯда-1” ҳамагӣ 38,7% аз иқтидори насбшудаашро истифода бурдааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 44,5%-ро ташкил дода буд.

“Сатҳи миёнаи пардохти барқ аз оғози соли 2021 аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” аз 32,4% аз арзиши барқи таҳвилшуда зиёд набуда, афзоиши қарзи ширкат назди неругоҳ идома меёбад”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, семоҳаи аввали соли равон қарзи “Барқи тоҷик”ба миқдори 135,96 млн сомонӣ (каме зиёдтар аз 12 млн доллар) афзудааст.

Ба ҳолати 31 марти соли 2021 қарзи умумии ширкат назди неругоҳ 1,73 млрд сомонӣ (зиёда аз 153 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Қаблан аз ҶСК “НБО Сангтӯда-1” хабар дода буданд, ки масоили афзоиши интиқоли барқ ва содироти мустақилонаи он чандин маротиба дар сатҳҳои гуногун ба миён гузошта шуд.

Таъкид шуда буд, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ ва шартҳои иштироки ҳиссавии Русия дар сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, инчунин созишномаи байниҳукуматӣ оид ба истифодабарии ин неругоҳ, ширкат ба фурӯш ва содирот тибқи шартномаҳои мустақим ва мустақилона ҳуқуқ дорад, лекин амалисозии ин ҳуқуқҳо алҳол муясаар намегардад.

“Ин натанҳо ба беҳбуди нишондиҳандаҳои молиявии ширкат ба манфиати саҳҳомони он (ҳам аз ҷониб Русия ва ҳам Тоҷикистон), балки ба зиёдшавии воридоти маблағ ба Буҷети давлатии ҷумҳуриявӣ имкон медиҳад”, – чунин мешуморанд дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?