Прокуратураи генералӣ ба чорводорони Восеъ чарогоҳҳояшонро баргардонд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо супориши прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Раёсати назорати умумӣ шикояти дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Гулруди ноҳияи Восеъро мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, онҳо аз надоштани имконияти парвариши чорвои хонагӣ бинобар набудани замини чарогоҳ ва гузаронидани кишти зироатҳои донагӣ дар ҳудуди заминҳои  назди деҳаашон шикоят карданд.

Гуфта мешавад, муайян гардид, ки бо қарори раиси ноҳияи Восеъ барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” 197,3  га замин,  аз  ҷумла 47,75 га  замини корами лалмӣ, 138,85 га замини чарогоҳ, 10,70 га  ҷариҳо барои  истифодабарии  мероси якумра ҷудо карда шудааст.

“Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, хоҷагии деҳқонӣ дар моликияти худ  356 сар чорвои хурду калони шохдор дошта, бо қарори раиси ноҳия ба хоҷагӣ аз ҳисоби заминҳои ба ӯ вобастшуда барои сохтмони молхона (кашар), анбори  хӯроки  чорво  ва ҷой барои  дамгирии подабонҳо дар масоҳати 0,20 га иҷозат дода шудааст”, – омадааст дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, раҳбарияти хоҷагии деҳқонии зикршуда пас аз гирифтани иҷозаҳои дахлдори раиси ноҳия, ҳамчун заминистифодабаранда чаронидани чорвои шахсии сокинони деҳаро дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ манъ намудааст, ки боиси  ба амал  омадани  норозигӣ миёни аҳолии маҳал ва истифодабарандагони замин гардидааст.

Зикр мегардад, ки пас аз дахолати кормандони прокуратура раҳбарияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Довуд” ва “Сурхоб” ҷиҳати дар 55 га замини ба онҳо тааллуқдошта чаронидани чорво ба аҳолии маҳаллӣ иҷоза доданд. Аз ҷониби раиси ноҳияи Восеъ низ дар ин хусус қарори дахлдор содир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...