Прокуратураи генералӣ ба чорводорони Восеъ чарогоҳҳояшонро баргардонд

Бо супориши прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Раёсати назорати умумӣ шикояти дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Гулруди ноҳияи Восеъро мавриди санҷиш қарор дод. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, онҳо аз надоштани имконияти парвариши чорвои хонагӣ бинобар набудани замини чарогоҳ ва гузаронидани кишти зироатҳои донагӣ дар ҳудуди заминҳои  назди деҳаашон шикоят карданд. Гуфта мешавад, муайян […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо супориши прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Раёсати назорати умумӣ шикояти дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Гулруди ноҳияи Восеъро мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, онҳо аз надоштани имконияти парвариши чорвои хонагӣ бинобар набудани замини чарогоҳ ва гузаронидани кишти зироатҳои донагӣ дар ҳудуди заминҳои  назди деҳаашон шикоят карданд.

Гуфта мешавад, муайян гардид, ки бо қарори раиси ноҳияи Восеъ барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” 197,3  га замин,  аз  ҷумла 47,75 га  замини корами лалмӣ, 138,85 га замини чарогоҳ, 10,70 га  ҷариҳо барои  истифодабарии  мероси якумра ҷудо карда шудааст.

“Тибқи ҳисоботҳои оморӣ, хоҷагии деҳқонӣ дар моликияти худ  356 сар чорвои хурду калони шохдор дошта, бо қарори раиси ноҳия ба хоҷагӣ аз ҳисоби заминҳои ба ӯ вобастшуда барои сохтмони молхона (кашар), анбори  хӯроки  чорво  ва ҷой барои  дамгирии подабонҳо дар масоҳати 0,20 га иҷозат дода шудааст”, – омадааст дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, раҳбарияти хоҷагии деҳқонии зикршуда пас аз гирифтани иҷозаҳои дахлдори раиси ноҳия, ҳамчун заминистифодабаранда чаронидани чорвои шахсии сокинони деҳаро дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ манъ намудааст, ки боиси  ба амал  омадани  норозигӣ миёни аҳолии маҳал ва истифодабарандагони замин гардидааст.

Зикр мегардад, ки пас аз дахолати кормандони прокуратура раҳбарияти хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Довуд” ва “Сурхоб” ҷиҳати дар 55 га замини ба онҳо тааллуқдошта чаронидани чорво ба аҳолии маҳаллӣ иҷоза доданд. Аз ҷониби раиси ноҳияи Восеъ низ дар ин хусус қарори дахлдор содир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.