Нашри маҷҷалаи нави илмиву пажуҳишии тоҷикӣ дар Аврупо бо номи “Тӯроннома”

Дар  Суед (Шветсия)-и Аврупо нахустин шумораи маҷаллаи нави илмӣ-пажӯҳишии «Тӯроннома» бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуд. Ин маҷаллаи илмӣ аз сӯйи «Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажўҳӣ»  воқеъ дар Суед таъсис дода шудааст. Ин маҷалла фаслнома буда, дар се моҳ як бор нашр мешавад ва мудири масъули институти таҳқиқотӣ ва сардабири фаслномаи "Тӯроннома" муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов мебошад. Шўрои таҳририяи маҷаллаи […]

Тӯҳфа Иброҳимова барои Asia-Plus

Дар  Суед (Шветсия)-и Аврупо нахустин шумораи маҷаллаи нави илмӣ-пажӯҳишии «Тӯроннома» бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуд. Ин маҷаллаи илмӣ аз сӯйи «Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажўҳӣ»  воқеъ дар Суед таъсис дода шудааст.

Ин маҷалла фаслнома буда, дар се моҳ як бор нашр мешавад ва мудири масъули институти таҳқиқотӣ ва сардабири фаслномаи "Тӯроннома" муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов мебошад.

Шўрои таҳририяи маҷаллаи «Тӯроннома»-ро донишмандон ва мутахассисони маъруф аз донишгоҳҳо ва муассисоти илмӣ ва пажӯҳишии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ташкил мекунанд.

"Умед дорем, ки фаслномаи «Тўроннома» фазои илмиро барои интишор ва баргузории баҳсҳои илмии муассир дар бораи таърихи мардумони Осиёи Марказӣ ва Эрон аз даврони бостон то ба имрўз густардатар мекунад", – мегӯяд сардабири маҷалла.

Тавре ки дар сухани сардабир омадааст, нашри таҳқиқот ва тозатарин баррасиҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар мавриди таърихи мардуми тоҷик аслитарин ҳадафи фаслномаи мазкур мебошад.

Зикр бояд намуд, ки ин маҷалла дар ҳоли ҳозир ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пахш мешавад ва қарор аст, вежаномаҳои он ба хатт ва забони форсӣ низ ба табъ бирасад.

Дар назар аст, бо ҳамкории ховаршиносон ва коршиносони таърих ва таммадуни Шарқ аз кишварҳои урупоӣ, Иёлоти Муттаҳаидаи Амрико, Конодо, Ҷопон ва гайра, ин фаслномаи тахассусӣ ба номи «Тураника» (“Turanica”) ба забони инглисӣ низ ба табъ бирасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.