Боздошти паҳнкунандагони долларҳои қалбакӣ. Ҳатто ба хориҷи кишвар фиристодаанд

Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели ба муомилот баровардани долларҳои қалбакии ИМА чор нафар шаҳрвнадони Тоҷикистонро боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар Душанбе. Боздоштшудагон Сулаймон Искандаров, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ  ва се сокини пойтахт – Искандар Гулаҳмадови 30-сола, Фирдавс Шукурови 27-сола ва Сорбон Эгамқулови 26-сола номбар шудаанд. Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт аз рӯйи далели ба муомилот баровардани долларҳои қалбакии ИМА чор нафар шаҳрвнадони Тоҷикистонро боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар Душанбе.

Боздоштшудагон Сулаймон Искандаров, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ  ва се сокини пойтахт – Искандар Гулаҳмадови 30-сола, Фирдавс Шукурови 27-сола ва Сорбон Эгамқулови 26-сола номбар шудаанд.

Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон 26 адад купюраҳои 100-доллара ва 66 адад купюраҳои 50-доллора, ки дар маҷмуъ 5-ҳазору 900-долларро ташкил дода, дар дастгоҳи чопии ранга тайёр шудаанд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира шуданд.

Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дастгиршуда Сулаймон Искандаров 14-ҳазор доллар купюраҳои қалбакиро ба хотири ба муомилот баровардан қабул намуда, ба рафиқаш Искандар Гулаҳмадов додааст.

“Искандар Гулаҳмадов бошад, ба хотири амалӣ сохтани ин кирдори ҷиноятӣ рафиқонаш Фирдавс Шукуров ва Сорбон Эгамқуловро ҷалб намуда, як қисми онро ба хориҷи кишвар ва қисми дагарашро, ки мусодира шуд, дар марказҳои дилхушӣ ва дигар маконҳо ба муомилот баровардаанд”, – омадааст дар хабар.

Нисбати дастгиршудагон бо моддаи 281 қисми 2 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Дар сурати исботи гуноҳ, ба ҳар кадоме аз онҳо то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?