Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дифои СПАД амнияти биологии кишварҳои узви созмонро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазирони дифои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ масъалаи таъмини амнияти биологии кишварҳои узви созмонро матраҳ кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки дар мисоли пандемияи COVID-19, ба назар расидааст, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти ин кишварҳо таҳдид […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазирони дифои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ масъалаи таъмини амнияти биологии кишварҳои узви созмонро матраҳ кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки дар мисоли пандемияи COVID-19, ба назар расидааст, ки бо паҳншавии босуръати бемориҳои гуногуни сироятӣ дар ҷаҳон ба амнияти ин кишварҳо таҳдид шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли СПАД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СПАД масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар ин созмони минтақавт дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҳамчунин зарур шумурда шудааст, ки бо дарназардошти мавқеи ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи масъалаи ташкили механизми таъмини амнияти биологии кишварҳои аъзои СААД чораҳои мушаххас амалӣ гардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.