Дар Душанбе боз як маҷмааи истиқоматӣ бо дарахтон дар ошёнаҳо сохта мешавад

Сарраёсати шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи навбатии маҷмааи истиқоматиро, ки дар Душанбе сохта мешавад, пешкаш кард. Маҷмааи нави истиқоматӣ дар буриши кӯчаҳои Шотемур ва Пушкин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (наздикии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав, Саараёсати Қушуӯнҳои сарҳадӣ) дар ҷойи биноҳои навъи барак сохта мешавад. Лоиҳаи сохтмони маҷмааи истиқоматӣ аз ҷониби ҶДММ “Пратнёр” дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ […]

Сарраёсати шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи навбатии маҷмааи истиқоматиро, ки дар Душанбе сохта мешавад, пешкаш кард.

Маҷмааи нави истиқоматӣ дар буриши кӯчаҳои Шотемур ва Пушкин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (наздикии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав, Саараёсати Қушуӯнҳои сарҳадӣ) дар ҷойи биноҳои навъи барак сохта мешавад.

Лоиҳаи сохтмони маҷмааи истиқоматӣ аз ҷониби ҶДММ “Пратнёр” дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 19 марти соли 2020 (№181) таҳия шудааст.

Дар маҷмааи нав кӯдакистон барои 200 нафар кӯдак, инчунин марказҳои савдо ва хизматрасонӣ низ бунёд мешавад.

Ҷойгиршавии биноҳо тарзе ба нақша гирифта шудааст, ки равшании офтоб дар хонаҳо ва шароити салқинкунӣ дар ҳавлии биноҳо ҳарчи бештар бошад.

Ғайр аз ин, тавре дар навори видеоии муаррифии маҷмаа нишон дода мешавад, анҷоми корҳои сабзгардонӣ натанҳо дар гирду атроф, балки дар баъзе ошёнаҳои биноҳои баландошёна низ пешбинӣ шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=dUtymRqfe3c

Сохтмони маҷмаа дар ду марҳила ба нақша гирифта шуда, муҳлати анҷоми ҳар кадоме аз марҳилаҳо 2 сол дар назар аст.

Ширкати “Партнер” ба сохтмону лоиҳакашии биноҳои баландошёна ва дигар иншооти гуногун машғул аст. Вазифаҳои фармоишгар ва ташкилоти паймонкори куллро иҷро намуда, татбиқи лоиҳаро аз марҳилаи лоиҳакашӣ то мавриди истифода додани иншоот назорат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".