КҲФ: шумори осебдидагон аз сӯхтор дар НФС-и Душанбе 29 нафар аст

Бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и шаҳри Душанбе рӯзи 1 май 29 нафар осеб диданд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд. “22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и шаҳри Душанбе рӯзи 1 май 29 нафар осеб диданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.

“22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. 4 нафар ҷарроҳӣ шуда, вазъи 2 нафарро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд”, – омаааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад.

Ёдрас мекунем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад.

КҲФ хабар медиҳад, ки барои бартараф кардани ҳодиса 31 дастаи Хадамоти оатшнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, танҳо соати  22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Аз алангаи оташ ва таркиш як манзили истиқоматии назди нуқтаи фурӯш ва кӯдакистони хусусӣ қисман зарар диданд.

Қаблан ВКД иттилоъ дода буд, ки оташ майдони зиёда аз 90 метри мураббаъ бо 60 тонна захираи маводҳои сӯзишвориро фаро гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.