Дар Қирғизистон хонаҳои вайроншуда аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд

Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки ҳамаи хонаҳо ва дигар иншооте, ки бар асари муноқишаи мусаллаҳона бо Тоҷикистон тахриб (вайрон) шуданд, аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд. “Хонаҳои сокинони вилояти Ботканд, ки дар натиҷаи рӯйдодҳои ахир дар қитъаҳои наздисарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон осеб диданд, пурра аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти […]

Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки ҳамаи хонаҳо ва дигар иншооте, ки бар асари муноқишаи мусаллаҳона бо Тоҷикистон тахриб (вайрон) шуданд, аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд.

“Хонаҳои сокинони вилояти Ботканд, ки дар натиҷаи рӯйдодҳои ахир дар қитъаҳои наздисарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон осеб диданд, пурра аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, манзилҳои шаҳрвандони Қирғизистон, ки дигар барқарор карданашон имкон надорад, низ дубора бепул аз ҳисоби давлат барқарор карда мешаванд.

Ба гуфтаи муовини вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Урматбек Шамирканов, ҳангоми муноқишаи мусаллаҳона бо Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Ботканд 78 хона қисман ё пурра тахриб шудааст.

Ҳамчунин 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 8 мағоза, 3 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 2 мактаб, бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон ва бинои ШКД-и маҳаллӣ тахриб шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ҷараёни муноқиша 178 шаҳрванди Қирғизистон захм бардошта, 34 нафар ҳалок шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун расман дар бораи шумори хонаҳои сӯхтаву иншооти осебдида, ҳалокшудагону захмбардоштагон дар Исфара маълумот пешниҳод накардааст.

Ба қавли сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, дар низои мусаллаҳона дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ин деҳа зиёда аз 10 хона вайрон шудааст. Ҳамчунин тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, дар ин муноқиша зиёда аз 100 нафар осеб дида, 16 нафар ҳалок шудаанд.

Нашри зинда ва лаҳза ба лаҳзаи рӯйдодҳо дар марзро аз ин саҳфаи вижаи "Азия-Плюс" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".