Президент: “Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ вақт намебахшанд”

Ҳар сол 23-юми май яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ ӯ изҳор намуд, ки 17 марти соли 1994  бори нахуст ба сифати президенти мамлакат бо ҷавонон мулоқот кард. […]

Asia-Plus

Ҳар сол 23-юми май яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ ӯ изҳор намуд, ки 17 марти соли 1994  бори нахуст ба сифати президенти мамлакат бо ҷавонон мулоқот кард.

“Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Минбаъд, изҳор намуд ӯ, бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон пеш омад.

"Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд… Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент махсус зикр кард, ки тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба стипендия ва квотаҳои сарвари давлат изҳор намуд, ки соли гузашта шумораи стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.

Дар ин муддат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи квотаҳои президентӣ барои ҷавонон аз 200 то ба 1252 расонида шуд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуда, ҳоло ҳар сол 12 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад ва то ба имрӯз 163 нафар олимони ҷавон соҳиби ин ҷоиза гардидаанд.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки ҳоло дар хориҷи кишвар беш аз 40 ҳазор нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳои Тоҷикистон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

“Мо дарёфти мақому ҷойгоҳи муносибу сазовор дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро мақсаду мароми худ қарор додаем, – гуфт президент. – Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем”.

Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки охири соли гузашта ба хотири боз ҳам ҳавасманд намудани омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли ҷавон барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

“Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад”, – ёдрас шуд сарвари давлат.

Президент зикр кард, ки агар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 70 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт, пас соли 2021 дар кишвар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 245 ҳазор донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад.

“Ҳадафи мо аз тамоми тадбирҳои амалигардида ин аст, ки насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд, – иброз дошт сарвари давлат. – Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист”.

Дар ин робита сарвари давлат таъкид дошт, ки бояд ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, падару модарон ва фаъолон ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва наврасон тақвият дода шуда, дар ин самт ҳарчи бештар чорабиниҳои таъсирбахш амалӣ карда шаванд.

“Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед.

Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд.

Шумо бояд ифтихор дошта бошед, ки насли замони истиқлол ҳастед ва дар Ватани озоду соҳибихтиёр зиндагӣ мекунед… Мо ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Матни пурраи суханронии президент бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.