Тавсияи Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон ҷиҳати зудтар пайдо кардани кор

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷиронии кории тоҷикистонӣ пешниҳод намудааст, ки барои дарёфти ҷойи кори муносиб аз як сомонаи махсус истифода кунад.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти кори муносиб аз пойгоҳи махзани “Работа в России” дар сомонаи www.trudvsem.ru истифода бурда метавонанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин махзани маълумот зиёда аз 1,6 млн ҷойҳои кории холии гуногун дар соҳаҳои мухталиф пешниҳод карда шудааст.

Портали “Работа в России” низоми федералии давлатии иттилоотии мансуб ба Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл мебошад. Портал барои кумак ба шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти кор ва ба корфармоҳо – барои ёфтани кормандони муносиб таъсис дода шудааст.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти талаботи субъекти хоҷагидорӣ барои худ ҷойи кори муносиб интихоб карда метавонанд”, – омадааст дар хабар.

Дар хабар таъкид мешавад, ки зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман қарордоди меҳнатӣ имзо карда, як нусхаи онро бо худ нигоҳ доштан лозим аст.

“Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар давраи фаъолияти меҳнатӣ метавонед ба Намояндагии Вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед”, – илова шудааст дар маълумот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...