Тавсияи Вазорати меҳнат ба муҳоҷирон ҷиҳати зудтар пайдо кардани кор

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷиронии кории тоҷикистонӣ пешниҳод намудааст, ки барои дарёфти ҷойи кори муносиб аз як сомонаи махсус истифода кунад. “Муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти кори муносиб аз пойгоҳи махзани “Работа в России” дар сомонаи www.trudvsem.ru истифода бурда метавонанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагӣ. Ба иттилои манбаъ, […]

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷиронии кории тоҷикистонӣ пешниҳод намудааст, ки барои дарёфти ҷойи кори муносиб аз як сомонаи махсус истифода кунад.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти кори муносиб аз пойгоҳи махзани “Работа в России” дар сомонаи www.trudvsem.ru истифода бурда метавонанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин махзани маълумот зиёда аз 1,6 млн ҷойҳои кории холии гуногун дар соҳаҳои мухталиф пешниҳод карда шудааст.

Портали “Работа в России” низоми федералии давлатии иттилоотии мансуб ба Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл мебошад. Портал барои кумак ба шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти кор ва ба корфармоҳо – барои ёфтани кормандони муносиб таъсис дода шудааст.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти талаботи субъекти хоҷагидорӣ барои худ ҷойи кори муносиб интихоб карда метавонанд”, – омадааст дар хабар.

Дар хабар таъкид мешавад, ки зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман қарордоди меҳнатӣ имзо карда, як нусхаи онро бо худ нигоҳ доштан лозим аст.

“Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар давраи фаъолияти меҳнатӣ метавонед ба Намояндагии Вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед”, – илова шудааст дар маълумот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.