Хидматрасонии SMS, ки бояд монополия мешуд, бекор шуд

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон “лоиҳаи ирсоли ҳамаи трафики А2Р-ро тариқи платформаи ягона” бекор кард. Рӯзи 20 май сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур дастури дахлдорро дар ин бора ба операторони алоқаи мобилӣ ба имзо расонид. Ба операторони алоқаи мобилӣ (ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶСП «ТТ Мобайл», ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком») дастур дода шудааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон “лоиҳаи ирсоли ҳамаи трафики А2Р-ро тариқи платформаи ягона” бекор кард.

Рӯзи 20 май сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур дастури дахлдорро дар ин бора ба операторони алоқаи мобилӣ ба имзо расонид.

Ба операторони алоқаи мобилӣ (ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶСП «ТТ Мобайл», ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком») дастур дода шудааст, ки ҳамаи шарикони худро аз қабули қарори мазкур ва ирсоли трафики зикршуда мутобиқи шартҳо ва талаботи амалкунанда огоҳ намоянд.

A2P – SMS-низоми огоҳие мебошад, ки корхонаҳои тиҷоратӣ онро барои гуфтугӯ бо мизоҷони имконпазирашон истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ирсоли SMS-паёмакҳои ширкат ва ташкилоту корхонаҳо тариқи SMPP-шлюзҳо (банд, дарвоза)-и операторони алоқаи мобилӣ сурат мегирад.

Қаблан Хадамоти алоқа иштироккчиёни бозори алоқаи ҷумҳуриро огоҳ карда буд, ки аз 1 майи соли 2021 барои ирсоли SMS-паёмакҳои дохилии А2Р бояд бо ширкати «IrisTech. LLC» қарордод банданд.

Дар амал ин маънои онро дошт, ки маркази ягона ба кор медарояд, ки ҳамаи SMS-паёмакҳои ширкат ва ташкилоту корхонаҳо тариқи он мегузаранд.

Ин навгонӣ норозигии бисёре аз иштирокчиёни бозор – бонку низомҳои пардохт ва ташкилоти қарзии хурдро ба бор овард, ки аз яккаҳукмронӣ (монополия кардан) дар бозори ин хизматрасонӣ ва эҳтимоли чандин маротиба болоравии арзиши хизматрасониҳо шикоят карданд.

Аз ҷумла зикр шуда буд, ки дар натиҷаи монополия кардани бозор SMS-паёмакҳо тибқи маълумоти гуногун, то 60 баробар боло рафта метавонанд: аз 0,5 дирам то 30 дирам барои 1 SMS.

Ҳамчунин иштирокчиёни бозор аз пайдо шудани нуқсонҳои доимӣ изҳори нигаронӣ карда буданд, зеро ба гумон аст, ки шлюзи ягона аз уҳдаи сариштаи ҷараёни бузурги огоҳиномаҳо баромада тавонад.

Ғайр аз ин, аз дастрасии ширкати номаълум ба маълумоти шахсӣ, мукотибаи ҳар кадоме аз корбари интернет, чандин маротиба болоравии арзиши хизматрасониҳо барои корбарон дар натиҷаи болоравии арзиши аслии худи хизматрасонӣ низ изҳори ташвиш шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти алоқа зикр карда буданд, ки “бобати имзои қарордод дар бораи хизматрасониҳои ирсоли SMS-паёмакҳо ҳеҷ гуна муносибати мустақим ё бавосита надошта, бо ширкати хориҷии IRIS низ ягон қарордод ё дигар муносибате надоранд”.

Дар изҳороти Хадамот таъкид шуда буд, ки операторон ба имзои қарордодҳои байнишабакавӣ ва шартномаҳо барои контент-хизматрасониҳо бо дигар ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳуқуқ доранд.

Дар ҳамин ҳол, баъди нашри маводи “Азия-Плюс”, ки дар он аз ин навгониҳо хабар дода шуд, оператони алоқаи мобилӣ бо раддияҳо изҳори назар карданд.

Аз ҷумла ҶДММ “Таком”, ки дар бозори алоқаи мобилӣ таҳти тамғаи Zet-Mobile кор мекунад, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо ширкати IRIS Technologies LLC “самаранокии корро баланд мебардорад”.

Зикр гардида буд, ки ширкати IRIS таҳиягари таъминоти барномавӣ буда, дар он “муҳандисони ҳирфавии технологияҳои иттилоотӣ кор мекунанд ва аз хизматрасониҳои онҳо зиёда аз 100 ширкат дар саросари дунё истифода мебарад”.

Ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, ки зери тамғаи Tcell фаъолият дорад, низ ба ин монанд изҳори назар кард. Дар он зикр шуд, ки зимни интихоби шарик ширкат танҳо манфиати муштариёнро ба назар гирифта, ҳамкорӣ бо ширкати IRIS Technologies LLC дар самти ирсоли кафолатноки ҳама гуна навъи паёмакҳои чандрасонаии мизоҷон яке аз чунин иқдомҳо аст.

Дар “Индиго Тоҷикистон” зикр карданд, ки ба имзои шарнома ҳам бо ширкатҳои ватанӣ ва ҳам хориҷӣ ҳуқуқ дошта, дар фаъолияти худ танҳо тибқи қонунгузории Тоҷикистон амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.