4,6 млн воя ваксинаи ЮНИСЕФ ва СҶТ ба Тоҷикистон алайҳи фалаҷ

Date:

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки намояндагии ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтанд, ба Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксинаи зидди фалаҷ додаанд.

Тоҷикистон дар шароите ин ваксинаҳоро дастрас мекунад, ки СҶТ мегӯяд, ба сабаби сирояти бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол ба шаш кӯдак дар Тоҷикистон, дар кишвар вазъи фавқуллодаи дараҷаи дуввум эълон кардааст.

Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо нашри хабарномае гуфт, ваксинаҳои зидди фалаҷ рӯзи 23-юми май ба Душанбе расиданд. "Ин ваксинаҳо дар маъракаи зидди фалаҷ-полиовирус истифода мешаванд, ки моҳи май-июли соли 2021 пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни маърака, дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда шаванд",-омадааст дар хабари расмӣ.

Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки "пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он аз ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд".

Тоҷикистон моҳи феврали соли 2021 ваксинзании саросарӣ ба зидди бемории фалаҷи атфолро анҷом дод, то кӯдакон аз навъи дуввуми фалаҷ эмин бошанд.

Вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) моҳи март хабар дод, ки дар Тоҷикистон дастикам шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба фалаҷи атфол (навъи дувум)-ро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд.

Тоҷикистон аз соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи атфол ва ё полиомелит эълон карда буданд, ҳарчанд то соли 2010 мавридҳои алоҳидаи сирояти беморӣ ва маргу мири кӯдакон аз он сабт шуда буд. Бори охир ва 11 сол пеш дар кишвар вируси ин беморӣ ба 458 кӯдак сироят кард ва 29 нафари онҳо фавтиданд. Дар миёни 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз 1 то 5-сола будаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...