“Северний ветер” боз парвоз накард. 200 мусофир дар фурудгоҳ рӯ ба раҳми Худо мондаанд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шоми 25 май парвози ҳавопаймои ширкати “Северный ветер” бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург боздошта шуд.

Зиёда аз 200 мусофир дар фурудгоҳи Душанбе боқӣ монда, ҳеҷ касе ба онҳо сабаби боздошта шудани парвозро шарҳ надодааст.

Ба “Азия-Плюс” ҳоло муяссар нашуд, ки аз ширкати ҳавопаймоӣ ва сохторҳои марбута дар ин хусус шарҳ бигирад.

Ёдрас мекунем, ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ аз 11 май иҷрои парвозҳои ширкатҳои Северный ветер» ва «Сибирь»-ро боздошта, сабаби инро боло бурдани  нархи билетҳо унвон кард.

Мусофироне, ки хатсайри ин ширкатҳо билет ххрида буданд, якчанд рӯз дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд зиндагӣ карданд.

Баъди як ҳафта Агентӣ ба таври истисно ба ширкатҳо иҷоза дод, ки парвозҳоро аз Душанбе ва Хуҷанд анҷом дода, мусофирони билетхаридаро ба макони таъиноташон бирасонанд.

Он замон дар Агентӣ изҳор доштанд, ки парвозҳо танҳо дар сурате барқарор мешаванд, ки ширкатҳо арзиши билетҳоро мувофиқи қарордоди қаблан ҳосилшуда муқаррар кунанд.

Баъдан се ширкати Русия – «Уральские авиалинии», «Ямал» ва «Сибирь» ба поин бурдани нархи билетҳо розӣ шуданд.

Нархи ниҳоии билет ба парвози чартерӣ на зиёдтар аз 500 доллар муқаррар шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“Агентии авиатсияи гражданӣ доимо ҷонибдори он аст, ки тарифҳо поин бурда шуда, нархҳо муносиб ва қобили қабул бошанд. Норозигии мо ба парвозҳои чартерӣ ба он асос меёбад, ки нарх ба хатсайрҳои онҳо хеле баланд буд, – гуфт Субҳонзода. – Агар тарифҳо то сатҳи ниҳоии 500 доллар кам карда нашаванд, дархостҳои минбаъдаи иҷрои парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ин ширкатҳои Русия бозбинӣ хоҳанд шуд”.

Ӯ аз мусофирон даъват кард, ки дар ҳолати пешниҳоди билет бо нархи аз 500 доллар зиёд ба хатсайрҳои ширкатҳои дар боло зикршуда дарҳол ба Агентии авиатсияи гражданӣ муроҷиат кунанд ё ба телефони боварии 236-53-34 занг зананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...