Биёйед гуфтанду марзбонон иҷоза надоданд: Дар Бишкек “Сомон Эйр”-ро маҷбур карданд мусофиронашро бозпас ба Душанбе бибарад

Дар Қирғизистон ҳудуди 200 мусофири парвози чартерии ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро нагузоштанд, ки аз ҳавопаймо берун шаванд, гуфт як манбаъ аз ширкате, ки парвози чартериро ташкил карда буд  ба  «Азия-Плюс». Ин парвози чартериро ширкати сайёҳии қирғизии  «Эсал Трэвел Групп» ташкил карда буд, ки «Сомон Эйр» онро анҷом дод. Ба гуфтаи манбаъ, то парвоз онҳоро хабардор накарда буданд […]

Дар Қирғизистон ҳудуди 200 мусофири парвози чартерии ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро нагузоштанд, ки аз ҳавопаймо берун шаванд, гуфт як манбаъ аз ширкате, ки парвози чартериро ташкил карда буд  ба  «Азия-Плюс».

Ин парвози чартериро ширкати сайёҳии қирғизии  «Эсал Трэвел Групп» ташкил карда буд, ки «Сомон Эйр» онро анҷом дод. Ба гуфтаи манбаъ, то парвоз онҳоро хабардор накарда буданд ва ҳатто пеш аз парвоз ба онҳо посухи мусбат дода буданд.

“Дар робита ба изҳороти мақомоти Қирғизистон дар мавриди комилан қатъ кардани равоуои марзӣ бо Тоҷикистон, мо қабл аз парвоз ба Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Қирғизистон муроҷиат кардем ва пурсиждем, ки парвозро бекор кунем ё не. Ба мо посух доданд, ки ҳеч мамониате нест ва қатъи равуо танҳо ба роҳҳои заминӣ дахл дорад ва шумо метавонед парвоз кунед. Барои ҳамин мо ба он ҷо парвоз кардем, дар ҳақиқат моро ба ин кишвар иҷоза доданд ва дар фурудгоҳ пазируфтанд”, – гуфт ин манбаъ.

Ӯ гуфт, ки баъди фуруд омадан дар фурӯгоҳи Бишкек марзбонон гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Қирғизистон иҷоза намедиҳанд.

«Дар миёни мусофирон 8 шаҳрванди хориҷӣ буд, ба онҳо иҷоза доданд, ки ба Бишкек бираванд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷоза надоданд, ҳатто мусофиронеро, ки сафари тронзитӣ доштанду ба кишварҳои дигар, аз ҷумла шаҳрҳои Русия билет доштанд, иҷоза надоданд. Марзбонон ба бо ҳуҷҷат нишон доданд, вале  он ҷо дар бораи роҳҳои ҳавоӣ чизе гуфта намешуд. Мо ҳақ будани худро собит карда натавонистем ва баъди 4 баҳс мо бозпас ба Душанбе парвоз кардем”, – гуфт манбаъ.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо ҳеч хабаре дар бораи ин парвоз аз ҳамтоёни қирғиз дарёфт накарда буданд.

Дар ҳамин ҳол дар Фурудгоҳи Бишкек 100 мусофире банд мондаанд, ки бояд бо ҳамин парвоз ба Душанбе меомаданд.

 

Мусофирон 100% ҷубронпулӣ дарёфт мекунанд

Манбаъи мо дар ин ширкат гуфт, ки мусофирон ҳамаи арзиши пули билетро бозпас мегиранд.

 Мо ба мусофирони хатсайри Душанбе-Бишкек ва онҳое, ки бояд ба Душанбе меомаданд, пули билетро комилан бармегардонад. Ҳамчунин мо ба ширкатҳои русие, ки шаҳрвандони мо барои идомаи парвоз билет харида буданд навиштем. Мо аз онҳо хостем, ки хароҷоти мусофирон вобаста ба ҳолати пешомада 100% ҷуброн шавад, онҳо дарк мекунанд ва ҷавоби мусбат хоҳанд дод”, – гуфт манбаъи мо.

Бояд гуфт, ки дар миёнаҳои декабри соли гузашта ширкати сайёҳии қирғизии «Эсал Трэвел Групп» дар бораи анҷом додани парвозҳои чартерии масири Душанбе-Бишкек-Душанбе хабар дод.

Он замон гуфта мешуд, ки парвозҳоро «Сомон Эйр» бар асоси шартномаи дуҷониба анҷом медиҳад. Парвози нахустини ин масир дар миёнаҳои моҳи январ сурат гирифт ва минбаъд ҳар моҳ як парвоз сурат мегирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.