Душанбе шаҳри “бемаршрутка” мешавад: ба наздикӣ

Мутахассисони бахши нақлиёти шаҳри Душанбе ояндаи наздик ба шаҳрдорӣ хулосаҳои худро дар мавриди манъи ҳаракати ҳамаи микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и мусофирбар пешниҳод мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт. Манбаъ таъкид дошт, ки онҳоро ба автобусу троллейбусҳои муосир иваз мекунанд. Айни замон коршиносон имконоти идораҳои автобусу троллейбусҳои мусофирбари шаҳр, инчунин нақшаҳои харидории миққдори нави […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мутахассисони бахши нақлиёти шаҳри Душанбе ояндаи наздик ба шаҳрдорӣ хулосаҳои худро дар мавриди манъи ҳаракати ҳамаи микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и мусофирбар пешниҳод мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт.

Манбаъ таъкид дошт, ки онҳоро ба автобусу троллейбусҳои муосир иваз мекунанд.

Айни замон коршиносон имконоти идораҳои автобусу троллейбусҳои мусофирбари шаҳр, инчунин нақшаҳои харидории миққдори нави ин гуна навъҳои нақлиёти ҷамъиятиро меомӯзанд.

Ба гуфтаи манбаъ, микроавтобусҳо барои он аз роҳҳои пойтахт гирифта мешаванд, то ки ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт кам шавад.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар муқоиса бо дигар воситаҳои нақлиёт ронадагони микроавтобусҳо бештар ба қоидавайронкуниҳо дар ҳаракати роҳ даст мезананд ва сатҳи хизматрасонӣ дар маршруткаҳо қобили қабул нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.