Даргузашти вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон Раҷабмад Амиров: НАВШУДА

Раҷабмад Амиров вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон, имрӯз дар синни 67-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Хабари даргузашти Раҷабмад Амировро дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъйид карданд. Маросими видоъ бо Раҷабмад Амиров дар манзили эшон, дар маҳаллаи мавсум ба "Совети 1", дар наздикиҳои бозори Султони Кабир то соати 12.30 баргузор мешавад. Намози ҷанозаи эшон баъди намози пешин дар […]

Раҷабмад Амиров вазири фарҳанги пешини Тоҷикистон, имрӯз дар синни 67-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Хабари даргузашти Раҷабмад Амировро дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъйид карданд.

Маросими видоъ бо Раҷабмад Амиров дар манзили эшон, дар маҳаллаи мавсум ба "Совети 1", дар наздикиҳои бозори Султони Кабир то соати 12.30 баргузор мешавад.

Намози ҷанозаи эшон баъди намози пешин дар масҷиди Сари Осиё хонда мешавад ва марҳум дар қабристони Сари Осиё ба хок супурда мешавад.

Раҷабмад Амиров соли 1954 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шуддааст. Ӯ  номзади илмҳои педагогика ва профессор, Арбоби Ҳунари Тоҷикистон ва узви вобастаи Академияи байнулмилалии иттилоот буд.

Раҷабмад Амиров солҳои 2004—2007 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 1974 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан ба унвони омӯзгори кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии Донишгоҳи ҳунарҳои зебо, аспиранти  Донишкадаи давлатии фарҳанги ба номи Крупскаяи Ленинград, декани факултети корҳои маданӣ-маърифатии Донишкадаи ҳунарҳои зебо, ноиби ректор дар умури корҳои илмӣ ва ректори ин донишкада кор кардааст.  

Солҳои 2001—2004 муовини аввали Вазири фарҳанг буд, ки баъдан то соли 2007 ин вазоратро раҳбарӣ кард. Баъди вазирӣ Раҷабмад Амиров ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон буд.

Раҷабмад Амиров муаллифи бештар аз 100 асару мақолаҳои илмӣ дар бахши фарҳанг буд ва ҳамчунин соли 2005 ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II-ро соҳиб шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.