Ду ҷавони суғдӣ дар Сирдарё ғарқ шудаанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ду ҷавон ва яке ҳоло ноболиғ охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шимоли кишвар дар Сирдарё ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, як навраси 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст.

“Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз дарё берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад,  инчунин як сокини 19-солаи шаҳри Панҷакент низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ӯро ба коми дарё кашидааст.

“Номбурда, ки шояд қоидаҳои оббозиро намедонист, натавонист худро ба соҳил расонад ва дар мавҷи пурталотуми дарё ғарқ шуд”, – зикр мешавад дар хабар.

Тибқи маълумоти КҲФ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 34 нафар ғарқ шудаанд, ки 14 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...