Ташрифи як ҳайати сершумори тоҷирони ӯзбек ба Душанбе

Зиёда аз 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон имрӯз, 31 май ба Душанбе меоянд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ҳайати мазкур аз намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ва шарҳои бузурги кишвари ҳамсоя иборат аст. Фардо, 1 июн дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷеси”-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Намояндагони […]

Зиёда аз 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон имрӯз, 31 май ба Душанбе меоянд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ҳайати мазкур аз намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ва шарҳои бузурги кишвари ҳамсоя иборат аст.

Фардо, 1 июн дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷеси”-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Намояндагони тиҷорати ду кишвар масоили амалисозии лоиҳаҳои нави муштаракро баррасӣ намуда, инчунин имзои қарордоду созишномаҳо дар бораи таҳвили молу хизматгузориҳо дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки Душанбе ва Тошканд ният доранд, ки ба ривоҷи савдои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ҳаҷми солонаи онро то 1 млрд доллар расониданианд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.