Ба Вазорати молия 277 корманд лозим аст

Вазорати молияи Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо ва чанде аз шаҳру ноҳияҳо, инчунин воҳидҳои назди Вазорат озмун эълон кардааст. Ба Вазорати молия дар маҷмӯъ 277 корманд – аз муовини сардор дар сарраёсатҳо то мутахассиси қаторӣ лозим аст. Маоши якмоҳаи нисбатан баландтар ба доваталаби вазифаи муовини аввали Сарраёсати Хазинадории […]

Вазорати молияи Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо ва чанде аз шаҳру ноҳияҳо, инчунин воҳидҳои назди Вазорат озмун эълон кардааст.

Ба Вазорати молия дар маҷмӯъ 277 корманд – аз муовини сардор дар сарраёсатҳо то мутахассиси қаторӣ лозим аст.

Маоши якмоҳаи нисбатан баландтар ба доваталаби вазифаи муовини аввали Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорат – 2616,40 сомонӣ (231 доллар) ва пасттарин – ба мутахассиси раёсат – 841,80 сомонӣ (74,4 доллар) пешниҳод шудааст.

Дар сурати доштани собиқаи корӣ ба сифати хидматчии давлатӣ ба маоши вазифавӣ иловапулӣ зам мешавад.

Дар баробари доштани маълумоти дахлдор, довталабон бояд қонунгузории соҳа ва имлои забони тоҷикиро донанд.

Ба довталабоне афзалият дода мешавад, ки “таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷиро донанд ва бо бо компютер кор карда тавонанд, ҳадди ақалл бо барномаҳои Word ва Excеl”.

Аризаҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхаташон дар сомонаи Вазорати молия нашр шудааст, то 21 июн қабул шуда, аз озмун рӯзи 24 июни соли равон натиҷагирӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.