Ду ҷавони суғдӣ дар Сирдарё ғарқ шудаанд

Ду ҷавон ва яке ҳоло ноболиғ охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шимоли кишвар дар Сирдарё ғарқ шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, як навраси 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст. “Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри […]

Ду ҷавон ва яке ҳоло ноболиғ охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи шимоли кишвар дар Сирдарё ғарқ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, як навраси 15-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи барои оббозӣ манъ шиноварӣ мекардааст ва баногаҳ ғарқ шудааст.

“Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз дарё берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад,  инчунин як сокини 19-солаи шаҳри Панҷакент низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ӯро ба коми дарё кашидааст.

“Номбурда, ки шояд қоидаҳои оббозиро намедонист, натавонист худро ба соҳил расонад ва дар мавҷи пурталотуми дарё ғарқ шуд”, – зикр мешавад дар хабар.

Тибқи маълумоти КҲФ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 34 нафар ғарқ шудаанд, ки 14 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.