Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон вазъи марзро бо вазири хориҷаи ин кишвар баррасӣ кард

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода 31 май бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот дар мавриди вазъи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар суҳбат масъалаҳои таъин ва  аломатгузории сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

"Тоҷикистон азм дорад, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ва бо ҷустуҷӯи қарорҳои ба ҳарду ҷониб муносиб раванди музокирот дар мавриди таъин ва  аломатгузории сарҳади давлатиро пайгирона идома диҳад", – таъкид дошт сафир.

Дар сомонаи ВКХ Қирғизистон хабар дода мешавад, ки  зимни вохӯрӣ ба масъалаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар қаламравҳои наздисарҳадии кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

“Руслан Казакбоев таъкид дошт, ки ҳадафи ҷониби Қирғизистон расидан ба натиҷаҳои амалӣ дар таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ бо назардошти манфиатҳои ҳар кадоме аз ҷонибҳо мебошад”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо инчунин масоили марбут ба ҳузури қонунии шаҳрвандони кишварҳоро дар қаламрави ҳар ду давлат баррасӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки муноқишаи сокинони маҳаллии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел ба задухӯрди мусаллаҳонаи ҳар ду кишвар боис гардид.

Дар задухӯрдҳои мусаллаҳона байни сарҳадбонони кишварҳо аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 50 нафар ҳалок ва беш аз 300 нафар осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.