Дуздӣ дар Данғара ва Ҷаббор Расулов: аз як ҷо 15,3 ҳазор ва аз ҷойи дигар 7 ҳазор сомониро рабудаанд

Asia-Plus

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз се мавриди дуздӣ дар ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон ва Ҷаббор Расулову шаҳри Конибодоми вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин ниҳод дар се мавриди дуздӣ ҷамулҷамъ 27,8 ҳазор сомонӣ рабуда шудааст. 

Аз ҷумла сайти ВКД менависад, ки аз хонаи як сокини 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи  Расулов, ахминан соати 23:00 бо роҳи пинҳонӣ 4 ҳазору 500 сомонӣ пули нақд ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааанд, ки зарари расонида дар маҷмуъ 15 ҳазору 300 сомониро ташкил додааст.

ВКД дар дуздинаи ин пул ва ҷавоҳиро як ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳияро гумонбар медонад ва мегӯяд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 244 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  парванда боз шудааст. 

Ҳамчунин ВКД аз ғорат шудани мағозаи маҳсулоти сохтмонии як сокини ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара  хабар медиҳад. 

"Шаби 24 ба 25-уми майи соли 2021, тахминан соати 00:10-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ, воқеъ дар деҳаи Нурбахш шуда, аз он ҷо маҳсулоти гуногуни сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опреративӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лолазори ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд".

ВКД аз содир шудани як ҷинояти дуздии дигар дар шаҳри Конибодом хабар медиҳад, ки рӯзи 29 апрел аз ҷузвдони як зани 21-сола дар Коллеҷи тибии шаҳр 1 гарданбанд ва як ангуштарии тиллоиро дуздидаанд, ки арзиашашон 5 ҳазору 500 сомонӣ будааст. Пулис як ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари ҳамин шаҳрро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят боздошт кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...