Даъвати “Толибон” аз Тоҷикистону Қирғизистон: “мушкилатонро бо роҳи маъқул ва гуфтушунид ҳал кунед”

"Толибон" гуруҳк, ки Тоҷикистон онҳоро як гуруҳи террористӣ мешиносад, аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардаанд, ки "мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст". Дар баробари Тоҷикистон, Қирғизистон ҳам ин "Толибон"-ро як гуруҳи террористӣ медонад.  Ин паёми "Толибон"-ро  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ, рӯзи шанбеи 5-уми июн дар саҳфаи "Твиттер"-аш навишт: "Иморати […]

Asia-Plus

"Толибон" гуруҳк, ки Тоҷикистон онҳоро як гуруҳи террористӣ мешиносад, аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардаанд, ки "мушкилатонро аз тариқи гуфтугӯ бо дарёфти роҳи маъқулу мантиқӣ ҳал кунед, ин ба хайри ҳар ду давлат аст". Дар баробари Тоҷикистон, Қирғизистон ҳам ин "Толибон"-ро як гуруҳи террористӣ медонад. 

Ин паёми "Толибон"-ро  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ин гурӯҳ, рӯзи шанбеи 5-уми июн дар саҳфаи "Твиттер"-аш навишт: "Иморати исломӣ (ин гуруҳ худро Иморати исломӣ медонанд) бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал намоед".

Паёми "Толибон" ба ду кишвари мусалмонии Осиёи Марказӣ барои бо гуфтушунид ҳал кардани мушкилашон дар ҳолест, ки ин гуруҳ бо вуҷуди имзои тавофуқномаи сулҳ бо ИМА ва розӣ шудан барои бо роҳи гуфтушунил ҳал кардани танишҳо бо ҳукумати Афғонистон, ҳанӯз ҳам бар амалҳои террористияш идома медиаҳд. 

Аз ҷумла баъди эълони хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон ин гуруҳ ба хушунатҳо ва амалҳои террористӣ идома дод, ба гуфтаи мақомоти масъули давлати Афғонистон ин ҳаракатҳоро бештар карда, мехоҳад нишон бидиҳад, ки қудрати бештаре дорад.

Забеҳулло Муҳоҷид дар идомаи паёми "Толибон" овардааст, ки "мо беш аз ҳама таҷрибаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад, аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб беш аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тахосум (хусумат) мутаҳаммил мешаванд".

Толибон дар идома гуфтаанд, "мо аз рӯи таҷрибаи худ аз мақомоти ҳар ду кишвар умедворем, ки манофеи дарозмуддат, оромиш ва амнияти миллатҳои худро дар назар гирифта, аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ, ҳалли маъқул ва мантиқӣ барои мушкилашон пайдо кунанд. Ин дар хайри ҳар ду кишвар ва ҳар ду миллат хоҳад буд".

Толибон пеш аз ин низ бо мавзеъгирӣ дар бораи муноқишаи Озарбойҷон ва Арманистон бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ гуфта буданд, ки ин минтақа бар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бахше аз хоки Озарбойҷон аст, аммо Арманистон ҳанӯз ба ишғоли ин минтақа идома медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.