22 медали самбокорони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё: 4 тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 6 июн Қаҳрамонии самбои Осиё-2021 дар самбои размӣ ва варзишӣ миёни мардону занон ба итмом расид.  Мунтахаби Тоҷикистон дар ин рақобатҳо 22 медал ба даст овард. Имсол бар асари ҳамагирии вируси куруно қаҳрамонии ҷавонону наврасон ҳам бо қаҳрамонии бузургсолон як ҷо гузашт.  Аз рӯйи шумори медалҳо дар мусобиқаи умумидаставӣ байни ҷавонон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 6 июн Қаҳрамонии самбои Осиё-2021 дар самбои размӣ ва варзишӣ миёни мардону занон ба итмом расид.  Мунтахаби Тоҷикистон дар ин рақобатҳо 22 медал ба даст овард.

Имсол бар асари ҳамагирии вируси куруно қаҳрамонии ҷавонону наврасон ҳам бо қаҳрамонии бузургсолон як ҷо гузашт. 

Аз рӯйи шумори медалҳо дар мусобиқаи умумидаставӣ байни ҷавонон пас аз дастаҳои Ӯзбекистону Қазоқистон Тоҷикистон зинаи сеюмро ишғол намуд.

Дар ин мусобиқа намояндагони ҳафт кишвар ба дарёфти ҷоизаҳо ноил гардиданд, ки нисбат ба мусобиқаи Осиё соли 2019 дар Ҳиндустон (18) ба таври назаррас камтар аст.

“Сабаби ин бештар ба вазъияти душвори беҳдоштӣ дар минтақа рабт дорад”, – гуфтаанд дастандаркорони мусобиқа.

Натиҷаҳо:

Наврасон, 7 медал

Тилло

Сайфиддин Сайфиддинов, 71 кг.

Меҳровар Чақалов, 64 кг

Нуқра

Сунатулло Лоиқов, 79 кг

Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, 88 кг

Ҷаҳонгир Ҳайдарзода, +98 кг

Биринҷӣ

Анушер Гулов, 58 кг

Иброҳимҷон Элмуродов, +98 кг

Наврасон, 6 медал

Нуқра

Субҳиддин Халилзода, 71 кг

Туйчибек Шарипов, 79 кг

Озодбек Назарбекзода, 88 кг

Бахтовар Бобохонов, 98 кг

Биринҷӣ

Ҷаҳонгир Камолов, 64 кг

Давлатҷон Назриев, +98 кг

Мардон, 6 медал

Тилло

Ҳамроз Раҷабов, 79 кг

Нуқра

Фирдавс Насимов, 98 кг

Биринҷӣ

Масъуд Қуқаншоев, 58 кг

Муҳаммадишо Раҷабов, 71 кг

Убайди Деваштич, 79 кг

Хуршед Маҷидов, +98 кг

Самбои размӣ, 3 медал

Тилло

Бобохон Мирзозода, 58 кг

Нуқра

Табрезшоҳ Парпишоев, 79 кг

Биринҷӣ

Сорбон Латифов, 64 кг.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.