4 июн дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe миёни намояндагони бахшҳои тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон форуми Тоҷикиситону Афғонистон доир гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамкории самараноки ду кишвар ва имконоти манбаъдаи рушди муносибатҳои тиҷоратӣ баррасӣ шуданд.
Дар кори форум соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо пуштибонии БРСММ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Беҳбуди некӯаҳволии аҳолӣ дар қаламравҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” ташкил карда шуд (ЛИТАКА)!.
Зимни кори форум намояндагони ҳар ду кишвар ба таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистону Афғонистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Ҳамчунин ба масъалаи муҳим будани баргузории чунин лоиҳаҳои муштарак ва форумҳо дар соҳаи агросаноатӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
“Барои боварӣ ва ҳамкории муштарак ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори миннатдорӣ мекунем. Ҳадафҳои асосии мо ҷанбаҳои зеринро дар бар мегиранд: сармоягузорӣ, баланд бардоштани рейтинги давлат дар бозори ҷаҳонӣ, ҷалби сармоягузорон ва шарикони нав, афзоиши гардиши моли дохилӣ ва хориҷӣ, таҳкими муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон. Мо мехоҳем, ки тариқи баргузории чорабиниҳои гуногуни тиҷоратӣ имкониятҳоро барои дарёфти робитаҳои нав зиёдтар кунем”, – гуфт муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода.
Таъкид шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд бо доираҳои тиҷоратии Афғонистон дар доираи қонунгузории амалкунанда ҷиҳати рушди ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ ба ҳамаи соҳаҳо омода аст.
Байни Тоҷикистон ва Афғонистон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ амал мекунад, ки саҳмаш дар таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳо муҳим дониста мешавад. Ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар соҳаҳои гуногун бо 85 санади ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ танзим мешавад.
“Ман низ ба ҳамтоҳои тоҷики худ аз номи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои шарикии пурмаҳсул изҳори миннатдорӣ мекунам. Афғонистон ҳамеша ба дастгирӣ омода буда, ба ҳама гуна ҳамкорӣ бо халқи бародар хушнуд аст. Умедворам, ки кори муштарак бартараф намудани душвориҳоро зимни содирот осон мекунад. Афғонистон имконоти зиёди сармоягузорӣ дорад ва ҳамроҳ бо Тоҷикистон мо ба сармоягузории бештар ноил мегардем”, – зикр кард вазири саноат ва савдои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Файзии Ғурёнӣ. – Мо мақсад дорем, ки ба бозори Тоҷикистон маҳсулот содир кунем, муносибатҳои савдоро байни кишварҳо ривоҷ диҳем ва молу маҳсулотро дар бозорҳоямон ҳарчӣ зиёдтар кунем”.
Ӯ зикр кард, ки дар иқтисоди Тоҷикистон содирот афзоиш ёфта, ҶИА низ ба он ноил гардида истодааст. “Бо назардошти ин гуфтаҳо мо бояд ҳамроҳ ба фатҳи қуллаҳои нав гом бардорем”, – иброз дошт Файз Ғурёнӣ.
Вазири саноати Афғонистон бо ёдрас намудани таърихи ҳамкории тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамсоя зикр кард, ки бунёди бозори дӯстона дар Тоҷикистон бо иштироки соҳибкорони афғон натанҳо робитаҳои тиҷоратиро таҳким мебахшад, балки фарҳанги қадимаи савдоро дар чаҳорчӯби “ Роҳи бузурги Абрешим” эҳё мекунад.
Дар форум имконоти сармоягузории Тоҷикистону Афғонистон муаррифӣ шуданд. Доираҳои кории Тоҷикистону Афғонистон дар шакли В2В вохӯрданд.
Дар назар аст, ки 24 соҳибкор аз Афғонистон, ки дар бахшҳои гуногуни тиҷорат кор мекунанд, аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон боздид намуда, бо соҳибкорони тоҷик вомехӯранд ва дар бораи ҳамкорӣ санадҳо таҳия мекунанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Афғонистон зиёда аз 70 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Имрӯз бо мақсади густариши робитаҳои бисёрҷанба, аз ҷумла тиҷоратӣ байни қаламравҳои наздисарҳадӣ, шаш пули фаромарзӣ сохтаву ба истифода дода шудааст.
Лоиҳаи БРСММ дар Тоҷикистон “Беҳбуди некӯаҳволии аҳолӣ дар қаламравҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” (ЛИТАКА) аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба рушд маблағгузорӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа ба беҳбуди дастрасии хонаводаҳои наздисарҳадӣ ба зерсохтори деҳот ва хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, тавсеъаи имконоти бо шуғл фаро гирифтани мардону занон, беҳбуди дастрасӣ ба савдои наздисарҳадӣ, муколама ва шарикӣ равона мешавад, ки фароҳам сохтани имконот барои занони деҳот, инчунин гурӯҳҳои осебпазирро дар бар гирифта, дар натиҷа суботи иқтисодӣ ва устувориии хонаводаҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ беҳтар мешавад.


