Хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонро 5 соли зиндон ё ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад

Ба Амриддин Нахшови 36-сола, хоҳарзодаи Азизамо Асадуллоева, ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи татбиқшудаи Кодекси ҷиноятӣ ба маблағи аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон. Нахшов Амриддин Файзиддиновичи 36-сола, зода ва сокини ноҳияи Данғара, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба Амриддин Нахшови 36-сола, хоҳарзодаи Азизамо Асадуллоева, ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи моддаи татбиқшудаи Кодекси ҷиноятӣ ба маблағи аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Нахшов Амриддин Файзиддиновичи 36-сола, зода ва сокини ноҳияи Данғара, ки ба содир намудани ҷинояти дар моддаи 237 КҶ ҶТ пешбинишуда (авбошӣ) гумонбар дониста мешавад, тибци иттилои мацомот рӯзи 27 май ихтиёрӣ бо иқрори гуноҳ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара ҳозир шуд.

“Номбурда дар доираи парвандаи ҷиноятии мавҷудбуда, ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”, – хабар дода буд ВКД.

Тибқи маълумоти ВКД, Нахшов рӯзи 16 май бо ҳаммаслакони худ дар яке аз тарабхонаҳои Данғара дар занозанӣ иштирок доштааст. Ҳафт нафар аз ҳамроҳони ӯ қаблан боздошт шуда, худи Нахшов пинҳони шуда буд.

Он замон онҳо бо истифода аз яроқи сард бо кормандони ширкати “Мину Фарм”, ки ба ҷамъоварии шираи камол машғул аст, занозанӣ кардаанд. Сабаби занозанӣ маълум нест.

Пас аз ин ҳодиса чанд нафар бо ҷароҳатҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла захмҳо аз корд дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба маълумоти манбаи “Азия-Плюс” дар ВКД Тоҷикистон, А.Нахшов, ки айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, писари хоҳари Азизамо Асадуллоева, ҳамсари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

То замони ба ҳабси пешакӣ гирифтан Амриддин Нахшов ба корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” дар ноҳияи “Ховалинг” роҳбарӣ мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?