Аҳмадҷоне, ки се моҳ пеш аз сӯйи зани 53-солаи хеши падараш ба қатл расид, имрӯз 7-сола мешуд

Аҳмадҷон Абдураҳмонов, ки аз сӯйи ҳамсари амакаш, Муборак Абдураҳмонова 5-уми март дар хонае дар кӯчаи Олег Кошевойи ноҳияи Синои пойтахт кушта шуд, имрӯз агар зинда мебуд  ба сини 7-солагӣ мерасид. Аммаи кӯдак Мадина Абдураҳмонова, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки то ҳол барояшон хеле сахт аст, ки азизи хонаводаашон дигар канорашон нест. Мадина бо андуҳ […]

Аҳмадҷон Абдураҳмонов, ки аз сӯйи ҳамсари амакаш, Муборак Абдураҳмонова 5-уми март дар хонае дар кӯчаи Олег Кошевойи ноҳияи Синои пойтахт кушта шуд, имрӯз агар зинда мебуд  ба сини 7-солагӣ мерасид.

Аммаи кӯдак Мадина Абдураҳмонова, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки то ҳол барояшон хеле сахт аст, ки азизи хонаводаашон дигар канорашон нест. Мадина бо андуҳ қисса кард, ки гарчанде бародараш се фарзанди дигар дошта бошад ҳам, вале ҷойгоҳи Аҳмадҷон дар хонавода дигар буд, чун ӯ набераи бузурги хонадон буд.

Мадина мегӯяд, зодрӯзи навбатии Аҳмадҷонро бе ҳузури ӯ ҷашн мегиранд ва имрӯз оромгоҳи ӯро зиёрат хоҳанд кард. Ин бону ба хотир меорад, ки ҳамасола дар зодрӯзи ҷияни дӯстоштанияш барояш туҳфаҳо харидорӣ мекард, аз ҷумла каҳрамонҳои филми тасвирии «Человек паук» ё либосҳое, ки бо акси каҳрамонҳои ин филм тасвир ёфтаанд, тӯҳфа мегирифт. Вале афсус мегӯяд, ки «ӯ дигар бо мо нест».

«Хеле хушаш меомад аз ин филму аз бозичаҳои қаҳрамнҳои ин филм. Ба ҳамин хотир ҳамеша барояш харидорӣ мекардам. Имсол бо мо нест, ба манзилаш меравем ва ҷойи ӯ ҳамеша холист. Хеле бароямон сахт аст, аз даст додани кӯдаки бегуноҳи хонавода».

Ин бону, ки кӯдакии Аҳмадҷон пеши ӯ гузаштааст ва ҳамеша ҳамроҳаш будааст, илова кард, ки Аҳмадҷон ба ороиш ва пухтани шириниҳои қаннодӣ зиёд шавқ дошт. Ва ҳамеша орзу мекард, ки вақте бузург мешавам, ҳатман ба Русия ё Чин рафта ороиши шириниҳоро меомӯзад  ва барои кулли хонавода омода мекунад.

«Вақте торт мепухтам ҳамроҳам кӯмак мекард. Хӯриш омода мекардам, ҳамроҳам омода мекард. Хеле ба пухтан шавқ дошт. Орзуи омӯзиши ин корро дар хориҷ дошт. Вале умр вафо накард, орзуҳояшро ба хок бурд».

Ба нақли аммааш, ӯ хеле кӯдаки донову меҳрубон буду одати дашному додану ҷанг кардан бо ҳамсолонашро надошт.

«Вақте бемор мешудам, болои сарам меистоду сарамро сила мекард, об медод ва доруҳоямро бароям меовард. Хеле кӯдаки аҷибу меҳрубон буд. Ҳатто агар ман дар хона намебудам ва аҳли хонавода хӯроки бомаза ё чизи дигар омода мекарданд, ҳатман ҳаққи маро пинҳон мекард. Ҳамеша бо ман буд ва барои ман то ҳол бовар кардани ин ки Аҳмадҷонам дигар нест. Хона медароям Аҳмадҷонам нест, хеле аламам мекунад, вале дигар чб илоҷе».

Аҳмадҷон як орзу дошт, ки маблағ ҷамъ кунаду бибияшро ба зиёрати хонаи Худо ба Ҳаҷҷ бифиристад. Имрӯз ҳарчанд ӯ нест, вале ӯ ҳамеша дар қалбҳои мо зинда хоҳад буд. Дидор дар қиёмат ҷони ширини амма, – бо чашмони гиряолуд илова карда дар охир,-Мадина. 

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор Аҳмадҷон 5 март, дар хонае воқеъ дар кӯчаи Олег Кошевойи ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Дар ин хона ҷасади писарчаи 7-соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд. 

Яке аз хешовандони кӯдак қаблан ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфта буд, ки онҳо мурофиаи судиро бесаброна интизоранд, то ки сабаби ба ин амал даст задани занро бифаҳманд.

“Аз соли 2007 ҳамсари бародараш бо ин зан гап намезад, вале ӯ мегӯяд, ки бар асари нофаҳмии оилавӣ ин корро кардааст”, – иброз дошт ин хеши кӯдак.

Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола баъди 8 рӯзи содир шудани ҷиноят ба гумони куштор боздошт шуд.

Додситонии ноҳияи Синои пойтахт охири моҳи апрел алайҳи Муборак Абдураҳмонова парвандаи ҷиноӣ боз кард. Зан ҳоло дар боздошт аст. Абдураҳмонова дар як гузориши телевизиони “Сафина”  иқрор шуд, ки ин ҷиноятро бар пайи хусумати хонаводагӣ бо ҳамсари бародари шавҳараш,  содир кардааст.

То ҳол дар мавриди эълони ҳукм ва ба ҳабс гирифтани Муборак Абдураҳмонова иттилои расмие нашр нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.