Онҳоеро, ки гармхонаҳои муосир месозанд дар Тоҷикистон барои андоз имтиёз медиҳанд

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯйи молу маҳсулот, дастгоҳ ва таҷҳизот барои сохтмони гармхонаҳои муосирро, ки зимни ворид намудан аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ кард. Қарори қабулшудаи ҳукумат аз 28 майи соли равон дар Пойгоҳи мутамаркази маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст. Рӯйхат аз 72 номгӯйи масолеҳи сохтмон ва мавод, дастгоҳу таҷҳизот, […]

Ҳукумати Тоҷикистон номгӯйи молу маҳсулот, дастгоҳ ва таҷҳизот барои сохтмони гармхонаҳои муосирро, ки зимни ворид намудан аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ кард.

Қарори қабулшудаи ҳукумат аз 28 майи соли равон дар Пойгоҳи мутамаркази маълумоти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Рӯйхат аз 72 номгӯйи масолеҳи сохтмон ва мавод, дастгоҳу таҷҳизот, аз қабили сохторҳои сохтмонӣ, дастгоҳи ҳавософкун, муҳаррик ва генераторҳои барқӣ, таҷҳизот барои обёрии гармхонаҳо, мошинҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералии гуногун ва ғайра иборат аст.

Бо ин қарор ба Хадамоти гумрук дастур дода шудааст, ки анҷоми расмиёти воридоти маҳсулотро тибқи ин рӯйхат таъмин намуда, то 1 феврали соли 2022 дар ин бора ба Вазорати молия маълумот пешниҳод кунад.

Имтиёз аз пардохти андоз хуб аст ё бад?

Бархе аз мутахассисон бар ин назаранд, ки имтиёзҳо низоми пардохти андозро аз лиҳози бетарафӣ, адолатнокӣ, самаранокӣ ва содагӣ бад мекунанд.

Ҳатто аз имтиёзҳо ба соҳаҳо ва бахшҳои ҷудогона истиқбол намешавад, зеро чунин сабукиҳо тоҷиронро ба машғул шудан ба он тиҷоратеро, ки хуб медонанд, ҳавасманд намесозад.

Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд Шенни Кэмпбелл дар мусоҳибаи чанде қабл ба “Азия-Плюс” тавсия дода, ки “барои тавсеъаи минбаъдаи заминаи андозҳо имтиёзҳои андозӣ бозбинӣ карда шаванд”.

“Имтиёзҳои андозӣ бояд ба навъҳои фаъолияте дода шаванд, ки ба сармоягузорӣ, инноватсияҳо, рушди минтақавӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ мушаххасан ва дақиқ таъсир мерасонанд”, – бар ин назар аст ӯ.

Кэмпбелл изҳор дошт, ки дар доираи барномаи чанде қабли грантии БОР дар ҳаҷми 50 млн доллар ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ҷиҳати таъмини шаффофият қарор қабул кард.

“Дар натиҷа низоми таҳлили хароҷот ва фоида барои арзёбии самаранокии имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ шуда, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ муайян шуд”, – иброз дошт ӯ.

Таҳлили хароҷот ва фоида ва имтиёзҳои андозӣ яке аз бандҳои Барномаи ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки баҳри табиқи он Бонки ҷаҳонӣ низ ба маблағи 50 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад.

Моҳи декабри соли гузашта ҳукумат тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукиро қабул кард.

Дар ин санад пешниҳоди имтиёзҳои дорои хусусияти инфиродӣ, яъне сабукиҳои андозӣ ба шахсони мушаххас манъ шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи воридоти маблағ аз ҳисоби андоз дар ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввал қариб то 80% зиёд шуд.

Даромадҳо дар ин давра дар сатҳи 4,5% барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 6,1 млрд сомонӣ маблағ ворид шуд.

То ин дам ҳиссаи солонаи воридоти маблағ ба буҷет аз андоз ба ҳисоби миёна аз 70% зиёд набуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.