Парванда алайҳи зане, ки дар қатли кӯдаки 7-сола гумонбар аст

Прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт нисбат ба зане, ки ба куштори кӯдаки 7-сола гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Зан ба ҳабс гирифта шудааст. Чанде пеш шомгоҳон дар шабакаи телевизиони “Сафина” гузориши видеоӣ дар бораи ин ҳодисаи фоҷеабор намоиш дода шуда, дар он зикр гардид, ки гумонбар Муборак Абдураҳмонова ба содир кардани ҷиноят иқрор шудааст. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт нисбат ба зане, ки ба куштори кӯдаки 7-сола гумонбар дониста мешавад, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Зан ба ҳабс гирифта шудааст.

Чанде пеш шомгоҳон дар шабакаи телевизиони “Сафина” гузориши видеоӣ дар бораи ин ҳодисаи фоҷеабор намоиш дода шуда, дар он зикр гардид, ки гумонбар Муборак Абдураҳмонова ба содир кардани ҷиноят иқрор шудааст.

Дар ин навор зан нишон медиҳад, ки чӣ гуна занро лату кӯб ва куштааст.

https://www.youtube.com/watch?v=Zkx4NoBw2dY

“Хунро дида, дасту поям ба ларза даромад ва шиносномаву борхалтаро гирифта, гурехтам”, – мегӯяд ин зан.

Ӯ ҳамчунин изҳор мекунад, ки ба ин кор бо сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсари бародараш даст задааст.

Ин ҳодисаи куштор рӯзи 5 март дар хонае воқеъ дар кӯчаи ба номи Олег Кошевойи ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Дар ин хона ҷасади писарчаи 7-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд.

Яке аз хешовандони кӯдак ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт, онҳо мурофиаи судиро бесаброна интизоранд, то ки сабаби ба ин амал даст задани занро бифаҳманд.

“Аз соли 2007 ҳамсари бародараш бо ин зан гап намезад, вале ӯ мегӯяд, ки бар асари нофаҳмии оилавӣ ин корро кардааст”, – иброз дошт ин хеши кӯдак.

Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола баъди 8 рӯзи содир шудани ҷиноят ба гумони куштор боздошт шуд.

Аз сабти навори камераҳои мушоҳидаи видеоии дар мағозаи бародараш насбшуда воқеъ дар паҳлӯи хонаи кӯдак дида мешавад, ки чӣ гуна гумонбаршуда бо роҳи фиреб писарчаро ба хонааш даъват намуда, баъди чанд дақиқа бо сарулибоси дигар аз хона мегурезад. Баъдан падараш ҷасади фарзандашро дарёфт намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.