Имрӯз 15 тоҷикистонӣ аз боздоштгоҳи муваққатии Маскав ба ватан фиристода мешаванд

Имрӯз, 23 апрел 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки муддати зиёда аз 1 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба ватан фиристода мешаванд. Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. Дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштанд, ки ба ватан фиристодани тоҷикистониён бо хатсайри чартерии ширкати “Сомон Эйр” аз ҳисоби ҷониби Русия […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 23 апрел 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки муддати зиёда аз 1 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москва қарор доштанд, ба ватан фиристода мешаванд.

Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд.

Дар намояндагии дипломатӣ изҳор доштанд, ки ба ватан фиристодани тоҷикистониён бо хатсайри чартерии ширкати “Сомон Эйр” аз ҳисоби ҷониби Русия сурат мегирад. Масъалаи ба ватан баргардонидани онҳо дар вохӯрии намояндагони сафорат ва Боздоштгоҳи муваққатӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, 21 апрел намояндагони сафорат таҳти сарварии роҳбари Хадамоти консулгарӣ Анвар Ибодзода бо мақсади шиносоӣ бо шароити нигаҳдории шаҳрвандон ба ин боздоштгоҳ воқеъ дар Сахарово рафтанд.

Намояндагони сафорат нахуст бо сардори Боздоштгоҳ Алексей Лагода вохӯрда, масоили анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Тибқи маълумоти сафорат, айни замон дар боздоштгоҳи мазкур 37 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд.

“Барои 35 нафари онҳо аз ҷониби Хадамоти консулгарӣ бепул Шаҳодатнома дар бораи бозгашт ба ватан таҳия шуд. Барои боқимонда 2 шаҳрванди дигар дар робита ба надоштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани шахсияти онҳо дархост фиристода шуд. Пас аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ин шаҳрвандон низ ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд”, – хабар доданд аз сафорат.

Сипас кормандони сафорат бо шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат карда, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва машваратҳои ҳуқуқӣ доданд.

“Ба шаҳрвандон меъёрҳои асосии қонунгузории Русия дар соҳаи муҳоҷирати корӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд”, – гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барои шаҳрвандони кишвар, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, маводи хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим карда шуд.

Дар сафорат зикр карданд, ки дар дигар минтақаҳои Русия низ онҳо бо мақсади шиносоӣ бо шароити нигаҳдории шаҳрвандон, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон фиристодани онҳо, ба ин монанд чорабиниҳо баргузор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар чунин боздоштгоҳҳо асосан шахсоне, ки ҳуҷҷат надоранду қоидаҳои будубошро дар Русия риоя накардаанд ва бояд ихроҷ шаванд, инчунин касоне, ки муҳлати адои ҷазояшон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба охир расидааст, нигаҳдорӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.